ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДИПЛОМАТҲО 4 МАҲБУСИ ҚИРҒИЗРО ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН АЁДАТ КАРДАНД

Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзҳои 6 ва 7 майи соли 2022 кормандони сафорати ин кишвар дар Душанбе шаҳрвандони қирғизеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, аёдат кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, дипломатҳо бо 4 маҳбуси қирғиз дар маҳбаси №1 дар шаҳри Ваҳдат, маҳбаси №4 дар шаҳри Душанбе ва маҳбаси №6 дар ноҳияи Ёвон вохӯрдаанд.

Бино ба иттилои вазорат, дипломатҳо бо шароити нигоҳдории маҳбусони қирғиз шинос шуда, ба онҳо дар бораи ҷараёни ҳимояти ҳуқуқу манфиатҳояшон маълумот додаанд. “Ҳамчунин дар рафти боздид аз ин муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти зидахли Тоҷикистон барои маҳбусони қирғиз бо хешовандонашон дар Қирғизистон суҳбати видеоӣ ташкил карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати хориҷаи Қирғистон.

Омори дақиқе дар бораи шумораи шаҳрвандони қирғизи дар Тоҷикистон зиндонишуда дастрас нест. Ин ҳам равшан нест, ки оё чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Қирғизистон адои ҳукм мекунанд?

Дар солҳои охир дар пасманзари муноқишаҳои хунини марзие, ки танҳо дар як соли охир аз ҳарду тараф ҳудуди 60 кушта ва наздики 270 захмӣ ба ҷо гузошт, равобити Душанбе ва Бишкек хеле бад шуд. Бад шудани муносибатҳо афзоиши бакарати мавридҳои боздошти шаҳрвандони ин ду кишварро бо иттиҳомоти сарҳадшиканию қочоқ ва ҳатто ҷосусӣ дар пай дошт. Ҳамин тавр, мақомоти ду кишвар даҳҳо нафарро бо иттиҳоми иштирок дар муноқишаҳои хунини марзӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Раиси додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода моҳи феврали соли 2022 дар нишасти хабариаш гуфт, дар соли 2021 дар Тоҷикистон 39 шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир ва маҳкум ба зиндон кардаанд. Вале то кунун, ба гуфтаи Оқилзода, ягон нафар барои иштирок дар муноқишаҳои марзӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Моҳи ноябри соли 2021 мақомоти Тоҷикистон се қирғизи муттаҳам ба марзшиканиро озод карда, ваъда дод, ки боз сеи дигарро раҳо хоҳад кард. Қирғизистон низ он вақт ду шаҳрванди тоҷики муттаҳам ба сарҳадшиканиро озод карда буд.

Феълан дақиқ нест, ки боз чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Қирғизистон боқӣ мондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button