ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СОКИНИ ЛЕВАКАНТ СЕ КӮДАКИ ДАР КАНАЛ ҒАРҚШУДАРО НАҶОТ ДОД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 майи соли 2022,  дар рӯзи иди саиди Фитр, се фарзанди як оила аз деҳаи Навобод дар канори шаҳри Левакант, ки аз 3 то 7 сол доштанд, дар канал ғарқ шудаанд. Хушбахтона, ҳамдеҳаи онҳо Ашӯрмаҳмад Юсуфов, ки тасодуфан аз онҷо мегузашт, худро ба об партофта, ҳар се кӯдакро наҷот додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 2 майи соли 2022, тахминан соатҳои 10:25 навбатдори ШКВД шаҳри Левакант ба ин ниҳод хабар додааст, ки дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ш. Левакант, се нафар кӯдакони хурдсол дар канали обгузари назди  деҳа  ғарқ  шудаанд.

Вақте дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум карданд, ки Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа тифлакони ғарқшударо наҷот додааст. Духтаракон ҳама узви як оила буда,  аз 3 то 7 сол доштаанд.

Ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад Юсуфов инро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.

Феълан вазъи саломатии ду нафари онҳо хуб аст, аммо духтари сеюмро дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ӯро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан дар бораи ҳалокати ду кӯдак бар асари ғарқ шудан дар рӯзи ид хабар дода буд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2 майи соли 2022, соати 10:25 ба қисми навбатдории Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон хабар расид, ки писарбачаи 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳангоме, ки мехост аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё сарозер шудааст. Ҷараёни пуртуғёни об басо башиддат ҷасади ӯро аз назарҳо пинҳон кардааст.

Дастаи ғаввосони Раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то фаро расидани торикӣ кӯдакро ҷустуҷӯ карданд, вале бенатиҷа.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави шаҳри Ҳисор рух дод. Боз ҳам 2-уми майи соли равон ду бародар, сокинони ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки яке 7 ва дуюмӣ 6-сола буданд, барои таҷлили иди Фитр ба ҳавлии бобояшон ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод рафтанд.

Ҳангоми гаштугузору идгардак ин бародарон хостаанд аз болои як қубуре, ки ду соҳили канали калони Ҳисорро ба ҳам васл мекард,  убур кунанд. Вале ҳарду ҳам натавонистанд мувозинати худро нигоҳ доранд ва ба оби канал уфтоданд.

Сокини деҳа Сайид Беков инро дида, хеле ба зудӣ худро ба об ҳаво дод, то писаракони ғарқшударо наҷот диҳад. Мутаассифона, вай танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дод ва додари шашсолаи вайро маҷро бо худ бурд. 

Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони Раёсати Кумита расиданд ва то торикӣ ҷасади писарбачаро ҷустанд, вале бенатиҷа.

Сокинони маҳаллаи Болои канали шаҳри Ҳисор ба “Бомдод”  хабар доданд, ки падару модару ин ду кӯдак дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, онҳоро аммаашон нигоҳубин мекардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button