ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҚАДАМИ ҚУРБОНРО БО МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ” БАРОИ ТАБОБАТ АЗ ЧАГАМ БА ДУШАНБЕ ОВАРДААНД (ВИДЕО)

Роҳбарони вазорати тандурустии Тоҷикистон алакай як рӯз баъди нашри видео дар бораи бемории сахти Қадами Қурбон ин овозхон ва ширинкори шинохтаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз зодгоҳаш, деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ба Душанбе оварда, дар клиникаи машҳури ба номи Мансуров бистарӣ кардаанд.

Дар ин бора худи Қадами Қурбон ба ширинкорони гуруҳи “Арабшо”, ки барои аёдати ӯ ин бор ба бемористон омада буданд, хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки хабари бемории Қадами Қурбонро маҳз бачаҳои гуруҳи “Арабшо”  рӯзи 5 май дар Интернет гузоштанд ва видеои аёдати онҳо аз ин овозхон дар хонаи духтараш дар ноҳияи Восеъро дар як муддати кӯтоҳ танҳо дар канали Qurbon Negmatov дар Ютуб  беш аз 800 ҳазор нафар, аз ҷумла (тавре аз вокунишашон бармеояд) масъулони вазорати тандурустӣ, тамошо кардаанд.

Қадами Қурбон ба вазорати тандурустӣ изҳори сипос кард, ки “маро қадр карданд ва бароям то Чагам мошини “Ёрии таъҷилӣ” фиристода, барои табобат ба Душанбе оварданд”. Ӯ ҳамчунин аз ҳамаи ҳамватаноне, ки барои табобати ӯ кумаки худро дареғ надоштанд  ва ҳамин тавр, ба ҳамаи онҳое, ки барои шифо ёфтанаш дуои хайр карданд, ташаккур баён кард.

Вале Қадами Қурбон дар айни замон аз онҳое, ки дар рӯзҳои бемориаш овозаҳои бадеро дар борааш паҳн карданд, аз ҷумла ҳатто овоза карданд, ки гӯё ӯ мурда бошад, гила кард ва гуфт, “одами беморро баракс дилбардорӣ бояд кард, на инки бо ҳар сухани ноҷо дилашро бишканед”.

Хабари бемории Қадами Қурбон он қадар сарусадо пайдо кард, ки ҳатто Шон МС, як хонандаи машҳури рэпи тоҷикӣ таронаи навашро “Қадами Қурбон” ном карда, пурра ба бемории ин овозхони халқӣ бахшидааст. Ин таронаро дар як рӯз беш аз 240 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 5 май ширинкорони гуруҳи “Арабшо”, ки вақтҳои охир бештар ба блогерӣ ва роҳандозии маъракаҳои хайрия машғуланд, бо нашри видеои аёдаташон аз Қадами Қурбон  дар ноҳияи Восеъ хабар доданд, ки ин овозхони шинохта  ба бемории сахт гирифтор шуда, барои табобат ба кумаки молиявии мухлисонаш эҳтиёҷ пайдо кардааст.

Қадами Қурбон дар суҳбат бо гуруҳи “Арабшо” нақл кард, ки чор моҳ боз  бо ҷогаҳу ҷома хоб аст ва аз дарди қисмати рости шикамаш чунон менолад, ки ҳатто дуруст хеста ё нишаста наметавонад. Ӯ гуфт, табибони ҷумҳурӣ то ҳол натавонистаанд бемориашро мушаххас кунанд ва тавсия додаанд, ки барои ташхису табобат ба хориҷ биравад.

Ҳамсари Қадами Қурбон ашк дар чашм нақл кард, ки дар вақтҳои охир ба мушкилоти сахти молиявӣ гирифтор шудаанд ва ҳатто 4 моҳ боз ҳатто шакар надоранд ва нонро дар чой тар карда мехӯранд. Қадами Қурбон аз он шиква кардааст, ки пеш шумораи дӯстонаш дар калкулятор намеғунҷид, вале баъди аз по афтоданаш дид, ки дӯсте ҳам қариб надоштааст, чунки аз он хайли бузург имрӯз тақрибан касе ба аёдаташ намеояд.

Бархе ба ин ки чунин овозхони шинохтае, чун Қадам, дучори мушкилоти молиявӣ шуда бошад, бовар накарданд. Вале онҳое, ки Қадами Қурбонро аз наздик ва хуб мешиносанд, мегӯянд, ӯ як одами содаву зудбовар аст ва аз ин рӯ, дар ҳоле ки дигарон аз ҳисоби видеоҳои ӯ дар Интернет миллионҳо тамошобин ҷамъ оварданду пули хуб ҳам кор карданд, ба худи Қадам аз ин ҳама шуҳрати таронаҳову  видеоҳояш тақрибан ягон дирам ҳам нарасидааст.

Қадами Қурбон, як овозхони тӯйгард аз ҷамоати Чагам, дар солҳои охир бо тарзи аҷиби таронахониаш шуҳрати зиёд пайдо кард. Ӯ аз ҷумла дар вақти ҳунарнамоияш дар аз пистолет ба ҳаво тир холӣ мекард ва ҳангоми хондани як дуэт бо Зайнаб, ки қудои Қадами Қурбон ҳам будааст, Зайнаб овози шиҳаи аспро тақлид мекард.

Бархе аз ин таронаҳои тӯёнаи ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо карданд. Худи Қадами Қурбон мегуфт, видеоҳои ӯро дар Интернет мухлисонаш мегузоранд:  “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое,ки дар интернет нашр мешавад, хабар надорам.”

Дар солҳои охир Қадами Қурбон чанд таронаашро ба сурати профессионалӣ дар студияҳо сабт ва дар Интернет нашр кард, ки ҳар кадомаш чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ овард.

Вале баъди пандемияи коронавирус Қадами Қурбон дигар дар мавриди сабту нашри клипҳои наваш чандон фаъол набуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button