АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК: ТИРҲО АЗ АФҒОНИСТОН “ТАСОДУФАН” БА ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 май дар як изҳорот  ба қаламрави ин кишвар асобат кардани гулӯлаҳои аз хоки Афғонистон андохташударо тасдиқ кард, вале гуфт, ин тирҳое буд, ки дар ҷараёни задухӯрди байни қувваҳои Толибон ва ДОИШ дар минтақаи Хоҷа )ор “тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд”. Қаблан гуруҳи тундрави “Хуросон”, шохаи шарқии ДОИШ (“Давлати исломӣ”) масъулияти мушакборони қаламрави Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро бар дӯш гирифта, гуфт, ҳамлаи  рӯзи 7 май ба қаламрави Тоҷикистон кори дасти  ҷангҷӯёни ҳамин гуруҳи тундрав буд.

Аммо марзбонони тоҷик бар пояи иттилоияи расмии намояндаи нерӯҳои марзбонии Толибон дар минтақаи Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон хабар доданд, ки “рӯзи 7 майи соли 20222, соати 11:45 дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ»(ДОИШ)  задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст. Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон афзуд, дар ҳоли ҳозир аз ҷониби сохторҳои марбутаи Толибон дар минтақаи Хоҷа Ғор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд ва “ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд”.

“Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд. Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад”, гуфта мешавад дар изҳорот.

Пойгоҳи SITE, ки фаъолиятҳои гуруҳҳои ифротию террористиро дар саросари ҷаҳон пайгирт мекунад, рӯзи 8 май баёнияи “Хуросон”-ро нашр кард, ки дар он иддао мешавад, ки ҳамлаи  рӯзи 7 май ба қаламрави Тоҷикистон кори дасти  ҷангҷӯёни ҳамин гуруҳи тундрав буд. Дар баёния иддао мешавад, ки ҷангҷӯёни ДОИШ аз ҳудуди вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон ба тарафи хоки Тоҷикистон 7 мушак андохтаанд.

Хоҷа Ғор бо ноҳияҳои Фархор ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

 Толибон бо ДОИШ, аз ҷумла бо шохаи “Хуросон”, хусумати дерина дорад ва ДОИШ дар ин авохир дар қаламравҳои таҳти султаи Толибон асосан ба зидди шиъаҳои муқими Афғонистон чандин ҳамлаи хунини маргталабона анҷом дод.

Шоми 7 май чанд хабарнигору расонаҳои афғонӣ аз мушакборони марзи Тоҷикистон аз ҳудуди Хоҷа Ғор ва оташи ҷавобии марзбонони тоҷик хабар доданд.

Аз ҷумла як манбаъ аз фармондеҳии пулиси Толибон дар вилояти Тахор ба сомонаи СангарТҷ  гуфтааст, чаҳор террорист савори як мошини сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни марбути вулусволии Хоҷаи Ғор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба сӯи марзи Тоҷикистон андохтаанд.

“Ин мушакҳо ба қаламрави Тоҷикистон асобат карданд. Марзбонони тоҷик ба ҷониби террористон тирандозӣ карданд ва мошини онҳо оташ гирифт, аммо худашон ҷон ба саломат бурданд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Ин аввалин ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистон  ва дастикам дуюмин ҳамлаи мушакӣ ба марзи Осиёи Марказӣ аз хоки Афғонистон дар пайи дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар ба қудрат расидани Толибон аст. Ёдовар мешавем, рӯзи 18 апрел ба марзи Ӯзбекистон низ аз ҳудуди вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх  7 мушак андохтаа буданд. Масъулияти он ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Ӯзбекистон мушакборон шудани хоки худро рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button