АфғонистонВидеоТоҷикистон

МАНОБЕЪ: АЗ ХОКИ АФҒОНИСТОН БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ЧАНД МУШАК АНДОХТААНД

Мақомоти расмии Тоҷикистону Афғонистон то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд, вале хабарнигорон ва расонаҳои мухталифи афғонӣ хабар медиҳанд, ки рӯзи 7 май силоҳбадастони ношинос аз ҳудуди минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон ба хоки Тоҷикистон чанд мушак андохтаанд.

Бархе манобеъ аз партоби 4 ва манобеи дигар аз партоби 7 мушак аз хоки Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон ва ҳамлаи ҷавобии марзбонони тоҷик ба зидди ин силоҳбадастон хабар медиҳанд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол касе ба дӯш нагирифтааст.

Хоҷа Ғор бо ноҳияҳои Фархор ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Журналисти афғон Тоҷиддин Сурӯш бо такя ба манобеи маҳаллӣ дар вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахор хабар дод, ки афроди силоҳбадасти ношинос дар хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аз як мошини “Тойота” ба қаламрави Тоҷикистон  7 мушак партофта, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Журналисти афғон Башир Аҳмад Қасанӣ бо истинод ба хабарнигори муқими Тахор Ирфон Бузург хабар дод, ки рӯзи 7 май марзбонони Тоҷикистон дар пайи мушакборони марзи ин кишвар аз ҳудуди вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахор, ки аз сӯи як гуруҳи силоҳбадастони ношинос анҷом шуда буд, ба сӯи ҳудуди Хоҷа Ғор чандин гулӯла андохтаанд.

Аз ин ду хабарнигори афғон Азда.ТВ нақли қавл кардааст. Дар бораи кадом талафот бар асари ин табодули оташ гузориш нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи СангарТҷ  бо ироаи тафсилоти бештари ҳодиса хабар дод, ки ҷунбиши тундрави Толибон, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд,  ҳамлаи рӯзи 7 май ба қаламрави Тоҷикистонро кори ДОИШ меноманд, аммо манобеъи маҳаллӣ ангушти иттиҳом ба сӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, як гуруҳи тундрави ҷангҷӯёни зодаи худи Тоҷикистон баланд мекунанд.

Як манбаъ аз фармондеҳии пулиси Толибон дар вилояти Тахор ба “Сангар” гуфтааст, чаҳор террорист савори як мошини сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни марбути вулусволии Хоҷаи Ғор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба сӯи марзи Тоҷикистон андохтаанд.

“Ин мушакҳо ба қаламрави Тоҷикистон асобат карданд. Марзбонони тоҷик ба ҷониби террористон тирандозӣ карданд ва мошини онҳо оташ гирифт, аммо худашон ҷон ба саломат бурданд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Ин аввалин ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистон  ва дастикам дуюмин ҳамлаи мушакӣ ба марзи Осиёи Марказӣ аз хоки Афғонистон дар пайи дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар ба қудрат расидани Толибон аст. Ёдовар мешавем, рӯзи 18 апрел ба марзи Ӯзбекистон низ аз ҳудуди вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх  7 мушак андохтаа буданд. Масъулияти он ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Ӯзбекистон мушакборон шудани хоки худро рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button