АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ДОИШ – “ХУРОСОН” МАСЪУЛИЯТИ МУШАКБОРОНИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНРО БА ӮҲДА ГИРИФТ (ВИДЕО)

Гуруҳи тундрави “Хуросон”, шохаи шарқии ДОИШ (“Давлати исломӣ”) масъулияти мушакборони қаламрави Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро бар дӯш гирифтааст.

Пойгоҳи SITE, ки фаъолиятҳои гуруҳҳои ифротию террористиро дар саросари ҷаҳон пайгирт мекунад, рӯзи 8 май баёнияи “Хуросон”-ро нашр кард, ки дар он иддао мешавад, ки ҳамлаи  рӯзи 7 май ба қаламрави Тоҷикистон кори дасти  ҷангҷӯёни ҳамин гуруҳи тундрав буд. Дар баёния иддао мешавад, ки ҷангҷӯёни ДОИШ аз ҳудуди вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон ба тарафи хоки Тоҷикистон 7 мушак андохтаанд.

Хоҷа Ғор бо ноҳияҳои Фархор ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

 То кунун мақомоти Тоҷикистон иддаои мушакборон шудни қаламрави ин кишвар аз самти Афғонистонро шарҳ надодаанд. Дар шуъбаи милитсияи ноҳияи Фархор гуфтаанд, ки дар бораи мушакборон шудани марзи  ин ноҳия хабаре ба дасти онҳо нарасидааст.

Мақомоти кунунии Афғонистон, ки идораи умураш инак 9 моҳ боз дар дасти ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон қарор дорад, низ дар бораи аз ҳудуди ин кишвар мушакборон шудани марзи Тоҷикистон шарҳе надодаанд.

Толибон бо ДОИШ, аз ҷумла бо шохаи “Хуросон”, хусумати дерина дорад ва ДОИШ дар ин авохир дар қаламравҳои таҳти султаи Толибон асосан ба зидди шиъаҳои муқими Афғонистон чандин ҳамлаи хунини маргталабона анҷом дод.

Шоми 7 май чанд хабарнигору расонаҳои афғонӣ аз мушакборони марзи Тоҷикистон аз ҳудуди Хоҷа Ғор ва оташи ҷавобии марзбонони тоҷик хабар доданд.

Аз ҷумла як манбаъ аз фармондеҳии пулиси Толибон дар вилояти Тахор ба сомонаи СангарТҷ  гуфтааст, чаҳор террорист савори як мошини сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни марбути вулусволии Хоҷаи Ғор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба сӯи марзи Тоҷикистон андохтаанд.

“Ин мушакҳо ба қаламрави Тоҷикистон асобат карданд. Марзбонони тоҷик ба ҷониби террористон тирандозӣ карданд ва мошини онҳо оташ гирифт, аммо худашон ҷон ба саломат бурданд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Ин аввалин ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистон  ва дастикам дуюмин ҳамлаи мушакӣ ба марзи Осиёи Марказӣ аз хоки Афғонистон дар пайи дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар ба қудрат расидани Толибон аст. Ёдовар мешавем, рӯзи 18 апрел ба марзи Ӯзбекистон низ аз ҳудуди вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх  7 мушак андохтаа буданд. Масъулияти он ҳамларо ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Ӯзбекистон мушакборон шудани хоки худро рад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button