
Ҳунарманди Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фараҳноз Саидзода дар набарди гуруҳҳои ҳунарии Тоҷикистону Амрико “Battle of the Bands” соҳиби мақоми аввал ва ғолиби ин ҷашнвора гардид. Набарди гуруҳҳои ҳунарии Тоҷикистону Амрико “Battle of the Bands” имсол барои бори аввал доир шуд. Ин мусобиқаи гуруҳҳои ҳунаррии ду кишварро маркази фарҳангии “Аша” бо пуштибонии молиявии сафорати Амрико дар Тоҷикистон баргузор кард.
Фараҳноз Саидзода фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Фурқат Саидзода буда, ҳамсараш Фаридун Алиев низ овозхон аст. Фараҳноз Саидзода риштаи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, як муддат дар маркази тиббии “Нурафзо” ҳам кор кардааст, вале дар ниҳоят ишқи ҳунар боло гирифт ва ӯ низ касби падарро пеша кард.