ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҚАДАМИ ҚУРБОН ГУФТ, 4 МОҲ БОЗ БЕМОРИ БИСТАРИСТ ВА БАРОИ ТАБОБАТ БА ПУЛ НИЁЗ ДОРАД (ВИДЕО)

Қадами Қурбон, овозхон ва ширинкори халқӣ аз ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), ба бемории сахт гирифтор шудааст ва барои табобат дар хориҷ аз Тоҷикистон ба кумаки молиявии мухлисонаш эҳтиёҷ пайдо кардааст.

Дар ин бора ширинкорони гуруҳи “Арабшо” ба раҳбарии Қурбон Неъматов ки вақтҳои охир бештар ба блогерӣ ва роҳандозии маъракаҳои хайрия машғуланд, бо нашри видеои аёдаташон аз Қадами Қурбон хабар доданд.

Қадами Қурбон феълан дар хонаи духтараш дар ноҳияи Восеъ қарор доштааст, чунки, ба гуфтаи ӯву ҳамсараш, манзили онҳо дар як деҳаи дурдасти ҷамоати Чагам ҷойгир шуда, дар сурати пеш омадани зарурати оҷил бурдани ӯ аз онҷо ба ягон маркази тиббӣ хеле мушкил буд.

Қадами Қурбон дар суҳбат бо гуруҳи “Арабшо” нақл кардааст, ки чор моҳ боз  бо ҷогаҳу ҷома хоб аст ва аз дарди қисмати рости шикамаш чунон менолад, ки ҳатто дуруст хеста ё нишаста наметавонад. Ӯ гуфтааст, табибони ҷумҳурӣ то ҳол натавонистаанд бемориашро мушаххас кунанд ва тавсия додаанд, ки барои ташхису табобат ба хориҷ биравад.

Ҳамсари Қадами Қурбон ашк дар чашм нақл кард, ки дар вақтҳои охир ба мушкилоти сахти молиявӣ гирифтор шудаанд ва ҳатто 4 моҳ боз ҳатто шакар надоранд ва нонро дар чой тар карда мехӯранд. Қадами Қурбон аз он шиква кардааст, ки пеш шумораи дӯстонаш дар калкулятор намеғунҷид, вале баъди аз по афтоданаш дид, ки дӯсте ҳам қариб надоштааст, чунки аз он хайли бузург имрӯз тақрибан касе ба аёдаташ намеояд.

Бархе ба ин ки чунин овозхони шинохтае, чун Қадам, дучори мушкилоти молиявӣ шуда бошад, бовар накарданд. Вале онҳое, ки Қадами Қурбонро аз наздик ва хуб мешиносанд, мегӯянд, ӯ як одами содаву зудбовар аст ва аз ин рӯ, дар ҳоле ки дигарон аз ҳисоби видеоҳои ӯ дар Интернет миллионҳо тамошобин ҷамъ оварданду пули хуб ҳам кор карданд, ба худи Қадам аз ин ҳама шуҳрати таронаҳову  видеоҳояш тақрибан ягон дирам ҳам нарасидааст.

Қадами Қурбон, як овозхони тӯйгард аз ҷамоати Чагам, дар солҳои охир бо тарзи аҷиби таронахониаш шуҳрати зиёд пайдо кард. Ӯ аз ҷумла дар вақти ҳунарнамоияш дар аз пистолет ба ҳаво тир холӣ мекунад ва ҳангоми хондани як дуэт бо Зайнаб, ки қудои Қадами Қурбон ҳам будааст, Зайнаб овози шиҳаи аспро тақлид мекунад

Бархе таронаҳои ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо карданд. Худи Қадами Қурбон мегуфт, видеоҳои ӯро дар Интернет мухлисонаш мегузоранд: “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое,ки дар интернет нашр мешавад,хабар надорам.”

Вақте мардум Қадами Қурбонро хеле сахт гирифт, ки бо таронаҳои аз ҳад соддааш санъати тоҷикро беобрӯ мекунад, овозхони шинохта Ҷонибеки Мурод аз вай пуштибонӣ кард. Ӯ соли 2019 Қадами Қурбонро ба Душанбе даъват карда, сарупо, телефон, ҳатто мӯйсараш, дар умум имиҷи ӯро нав кард ва ваъда дод, ки нахустин клип и касбиашро омода ва нашр мекунад.

Клипи “Азизам”, ки JM Company – студияи Ҷонибеки Мурод сабт ва рӯзи 25 март дар каналаш дар Ютуб нашр кард, дар байни ҳамагӣ 7 рӯз як миллион тамошобин ҷамъ овард. Ин як рекорди бесобиқа барои овозхонони тоҷик дар Ютуб буд.

“Умираю” – клипи дуюми Қадами Қурбон, ки ҳамроҳ бо Мино аз ҷониби продюсери шинохта Баҳриддин Сабурӣ сабт ва рӯзи 25 май дар канали peshsaf tj дар Ютуб нашр шуд, рекорди қаблии худи Қадамро шикаст ва алакай дар 4 рӯз қуллаи як миллионро дар Ютуб фатҳ кард. 

Ҳамин тавр, “Малика куштӣ бобота” дар иҷрои Қадами Қурбон дар Ютуб қариб 4 миллион тамошобин ҷамъ овард. Вале баъди пандемия Қадами Қурбон дар сабту нашри клипҳои наваш чандон фаъол набуд ва ба ҷуз аз “Мндалағут” (“Қурутоб”) клипи наве аз вай дарнаомад.

Таронаи охирини Қадами Қурбон бо номи “Ёрут мешам”, ки ҳамроҳ бо овозхони ноошное бо номи Шукрона иҷро кард, моҳи июни соли 2021 нашр шуда, дар як шабонарӯзи аввал 100 ҳазор тамошобин ҷамъ овард, вале то имрӯз дигар аз 600 ҳазор болотар зӯр накард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button