ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ АЗ СЕЛУ ОБХЕЗИҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН


 Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 5-7 майи соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба сабаби боронҳои пуршиддат омадани сел дар назар аст. Ҳамзамон болоравии дамои ҳаво метавонад сабабгори лағзиши тарма, резиши санг, ярч ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад. Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, ҳаракат дар хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ даст кашанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд. 

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Ҳушдори нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи селҳои харобиовари рӯзҳои 4 ва 5 май аст.

Аз ҷумла сокинони деҳаи Ғуриёт дар канори шаҳри Ҳисор хабар доданд, ки рӯзи 4 майи соли 2022 бар асари сел дар ин деҳа ҳудуди 130 гӯсфанд нобуд шудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, рӯзи 4 май бар асари обхезӣ дар километри 448уми роҳи Кӯлоб Дарвоз Ванҷ дар мавзеи Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ин роҳ муваққатан баста шуд. Соати 16:30 сел боиси масдуд шудани роҳи байни деҳаҳои  Мазори Шарифи ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ ва деҳаи Артучи ҷамоати ба номи Рӯдакӣ дар канори шаҳри Панҷакент шуд. Ҳамин тавр, соати 17:10 ба далели набуди шабакаҳои селпарто дар ҳудуди деҳаи Ятини ҷамоати Гули Сурх дар канори шаҳри Истаравшан низ сел омад.

Ҳамчунин, соати 16:00 ҳангоми аз чарогоҳ пас овардани рамаи чорвои хурд дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ сел омад ва 3 бузу 2 гӯсфандро бурдааст.

Барои ҳифзи зироат рӯзҳои 3 ва 4 май дар ҳудуди Турсунзода, Ёвон, Данғара ва Кӯшониён 64 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” зада шуда, тавассути онҳо 24 ҳолати хатарҳои фурӯ рехтани жола пешгирӣ карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button