ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҒАМ ДАР БАҒАЛ ГУЗАШТ… ДАРГУЗАШТИ ШОИР АБДУЛЛОИ ФОЗИЛ

Зангӯла зад пуралам сорбони бомдод,

Шоир гузашт аз раҳи дунёи пуртазод.

Оре гузашту шодии моро ба бод дод,

Шоир гузашту сад раҳ дареғу дард,

К – ӯ бемаҳал гузашт,

Ӯ бо ҷадал гузашт,

Ғам дар бағал гузашт...

Муаллифи ин сатрҳо Абдуллои Фозил, рӯзноманигор ва шоири тоҷики зодаи Мастчоҳ шоми 4 май дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дӯстону мухлисони шоир хабар доданд. Дар бораи иллати марги Абдуллои Фозил чизе гуфта нашудааст.

Абдуллои Фозил 3 октябри соли 1952 дар деҳаи Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1978 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло: Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд)ро хатм кардааст.

Абдуллои Фозил аз соли 1997 то 2015 сардабири “Паёми Кӯҳистон”, нашрияи расмии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

Абдуллои Фозил аз ҷумлаи камшумор адибони тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук хеле фаъол буд.

Охирин матлаби Абдуллои Фозил дар Фейсбук ёддоштҳои ӯ дар бораи як дидори сарироҳиаш дар Хуҷанд бо шоири маъруф Бозор Собир буд, ки рӯзи 2 май, ҳамагӣ 3 рӯз қабл аз маргаш бо номи “Охирин дидор” нашр кард.

Як ҳафта пеш аз маргаш бошад, Абдуллои Фозил, мисли инки маргашро пай бурда буд, ки намунаҳое аз ашъори худро дар саҳифааш дар Фейсбук кошт. Иттифоқан аксари ин шеърҳо марсияҳое буд, ки Абдуллои Фозил дар бораи дӯстони даргузаштааш, аз ҷумла ба ёди шоири равоншод Қуввати Давлат навиштааст:

ДАР ТАШНАГӢ

Гоҳу бегаҳ ҳақгузори қисматам,

Ҷойи сарфи вақт дигар мекунад.

Ёди ёрони ҷавонмаргам маро,

Муниси минову соғар мекунад…

Соқиё, ҷоми маро лабрез кун, лабрез кун!

Ҳамчу рӯди саркаше дар бодия,

Раҳ ба раҳ мекоҳаму кам мешавам.

Зинда бодо, сӯҳбати соҳибдилон,

К – аз шароби раҳматаш зам мешавам…

Соқиё, ҷоми маро лабрез кун, лабрез кун!

Санги худро бар сари мо бишкананд,

Аз ҳасад як зумраҳак ноқобилон.

Куру кавданро на ғам, на сӯзу соз,

Сатри осоиш надорад қисмати дарёдилон…

Соқиё ҷоми маро лабрез кун, лабрез кун!

Ганҷи Қорун ҷустагон аз ин ҷаҳон,

Се қабат “абри кафан” бурданду бас,

Ташналаб ҷӯ канду обаш шуд насиби дигарон,

Ҳосил аз ҳар ҷонфидойи ҷонканӣ будасту бас…

Соқиё ҷоми маро лабрез кун, лабрез кун!

Зиндагӣ гирдобу мо хас рӯйи об,

Мудаъо бечоранолӣ нест, не!

Шукр, агар даст аз тамаъ кӯтаҳ шуда,

Дил зи меҳру ишқ холӣ нест, не!…

Соқиё, ҷоми маро лабрез кун, лабрез кун!

БАРОЙИ ҚУВВАТБЕГ

Дар хаёлам қадам занаӣ танҳо,

“Зери борон ба сад аламнокӣ”

Ғамшарикам, дарун – дарун гирйӣ,

“Рӯзи борон чу боми чаккокӣ”.

Донам ин дам ба кулли гирёҳо,

Ҳамчу ҷони ту ҷони гирён нест.

Дар сағирӣ ятимӣ гар мушкил,

Дар кабирӣ ятимӣ осон нест.

Ман падар бурдаам ба қабристон,

Модари меҳрубон супурдӣ ту.

Дарди мову ту сад алам дорад,

Ҷуз қалам такядори бораш ку?

Марги волид баройи фарзандон,

Буда меросу ҳарду иқрорем,

Сабр агар дасти мо намегирад,

Даости ҳасрат ба доманаш дорем.

Ман чӣ гӯям, чӣ гӯям, эй ШОИР,

Зиндагӣ раҳ ба раҳ чу бозор аст.

Он ки ориф шуду ҳақиқатгӯ,

Қисматаш кулфат асту озор аст…

Дар хаёлам қадам занӣ танҳо,

“Зери борон ба сад аламнокӣ”.

Ғамшарикам, дарун – дарун гирйӣ,

“Зери борон чу боми чаккокӣ”.

СУРАИ РАДДИ БАЛО НАДОШТ

(дар сӯгвории Қувватбеги Давлат)

Зангӯла зад пуралам сорбони бомдод,

Шоир гузашт аз роҳи дунёи пуртазод.

Шоир гузашту сад раҳ дареғу дард,

К – ӯ бемаҳал гузашт,

Як даста хори хориҳойи кашидааш андар бағал гузашт.

Бо худ зи баски мисрайи маҳу сано надошт,

Яъне, ки “сураи радди бало” надошт.

Бо ину они пуркиса рафту о надошт,

Аз кас зи баски тамаъи хайру сахо надошт.

Яъне, ки табъи сифлаю хуйи гадо наошт.

Чун ҷумлайи мураккабе андар забони вақт,

Бе ҳоли пайрави тарзи амал гузашт.

По монда бар сари кунду дағал гузашт.

Озурда аз “ман”- у “мо”- йи замона рафт,

Ошуфта аз касофати баҳсу баҳона рафт,

Дилмонда аз қабеҳату аз фанду фона рафт,

Ҳаргиз ниёзу ҳоҷаташ бар кас накард бор,

(Будаш ҳамин шиор)

Оҳи ғамаш ба синаву дардаш ба шона рафт.

Чун шодихӯрда буд аз дафтари Бозору Мавлввӣ,

Як ибрати пазирае андар масал гузашт,

Як байти беназирайе андар ғазал гузашт…

Зангула зад пуралам сорбони бомдод,

Шоир гузашт аз раҳи дунёи пуртазод.

Оре гузашту шодии моро ба бод дод,

Ӯ бо ҷадал гузашт,

Ғам дар бағал гузашт.

ДАР СӮГИ АЗИЗМАҲМАДИ ШОДӢ

Азизи дидаю дилҳо будӣ ту,

Шукӯҳи базму машфилњо будӣ ту.

Зарифе қойиме, ҷӯёву гӯё,

Ҳарифи кунду ғофилҳо будӣ ту.

Ба “мушти лутф” и худ дар пешдастӣ,

Миёни ғуссаю ғам мешикастӣ.

Ба танзи нозуку “санги зарофат”,

Такаббур кушта, куштӣ худпарастӣ.

Дар ин дунёи шодихори ғамзо,

Нахандидӣ худу хандондӣ моро.

Ғироми Чархи гардун бин, ки охир,

Гузаштӣ ғофилу гирёндӣ моро.

Зи баъди ту дигар даргоҳи фарҳанг,

Надорад ҷазбаеву рангу оҳанг.

Дару девору гулгашту хиёбонш,

Ба чашмам ҷумла метобанд беранг…

Азизи Шодӣ рафта аз бари мо,

Ба мотам додӣ ин бому дари мо.

Худо раҳмат кунад, ҳаққо, ки монда,

Яқин нақши ту андар дафтари мо…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button