ДУЗДИИ ЧОРВОИ КАЛОН ДАР ДӮСТӢ (ҶИЛИКӮЛИ СОБИҚ) ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 440 ҲАЗОР
Марди 34-солаи сокини ноӽияи Дӯстӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 3 ба 5 апрели соли 2022 аз ҳавлии як сокини ин ноҳия як сар чорвои калонро дуздидааст.
ххххххххххххххххх
Марди 56-солаи сокини ноӽияи Балҷувон ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2022 аз як сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб 440 ӽазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 5 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Бо роӽи дуздӣ тасарруф намудани чорвои калони шохдор
Ба ШВКД дар ноӽияи Дӯстӣ бо ариза марди 49-солаи сокини ноӽияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 03 ба 04-уми апрели соли 2022, тахминан соати 23-00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ӽазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативи-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ӽамин ноӽия ӽамчун гумонбар дар соди намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 56-сола бо ҷурми қаллобӣ
Ба ШВКД дар ноӽияи И.Сомонӣ бо ариза марди 46-солаи сокини шаӽри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 15-уми январи соли 2022 марди 56-солаи сокини ноӽияи Балҷувон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 440 ӽазор сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.