ВидеоКоррупсия

САРМУҲОСИБИ МАКТАБИ №10 БАРОИ ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ВА СОХТАКОРӢ МАҲКУМ ШУД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4 май хабар дод, ки сармуҳосиби мактаби миёнаи №10-и шаҳри Панҷакент, Маҷидов Ҳ., бар асоси моддаҳои 245, қисми 2 ва 323 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар аз они худ кардани маблағҳои давлат ва сохтакорӣ бо сӯиистифода аз мансаб гунаҳкор шинохтааст.

Додситонӣ дар шарҳи ин парванда гуфт, “Маҷидов Ҳ. дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон додаааст. Маҷидов Ҳ. дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронида, минбаъд ин маблағро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба манфиатҳои давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расидааст”.

 Оид ба ин ҳолат, аз ҷониби прокурори шаҳри Панҷакент, нисбат ба Маҷидов Ҳ., бар асоси моддаҳои 245, қисми 2, банди “г” ва 323-и Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ супурда шуд.

Додситонии кул гуфт, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент, Маҷидов Ҳ. бар асоси ин ду модда “гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудааст”.   

Додситонии кулли Тоҷикистон мушаххас накардааст, ки Маҷидов мушаххасан чӣ ҷазо гирифт? Вале қисми дуюми моддаи 245 барои аз они худ кардани маблағҳои давлат бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 солро пешбинӣ мекунад.

Бар асоси моддаи 323 (сохтакорӣ бо сӯиистифода аз мансаб) ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он пешбинӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button