ИНТЕРПОЛ ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИР КАРДААСТ
Дар рӯзи иди Рамазон кормандони Интерпол дар вокзали роҳи оҳани Маскави шаҳри Санкт Петербург (Московский вокзал) як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дастгир кардаанд.
Бино ба гузоришҳо, боздошти ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар вокзал субҳи 2 май, соати 08:10 сурат гирифтааст. Пулис гуфт, ки ӯ аз моҳи августи соли 2021 бар асоси қисми дуюми моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Душанбе барои тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудааст. Ба ӯ дар Тоҷикистон бар асоси ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Шаҳрванди боздоштшударо ба шуъбаи пулис бурда, ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.