Хабарҳои кӯтоҳ

АСАРОТИ БОДУ БОРОНИ ШАДИДИ РӮЗИ 3 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

Як дарахти сояафкани бузург бар асари шамоли сахти дирӯз шикаста болои боми як сокини кӯчаи ба номи Нусратулло Махсум, 65, воқеъ дар шаҳри Душанбе афтодааст ва барои боми хона хатар эҷод кардааст.

Бо дарёфти ин хабар дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд.

Онҳо бо истифода аз ду техникаи махсус паёмадҳои ин рӯйдодро бартараф карданд. Ба боми хонаи ин сокини шаҳр дигар чизе таҳдид намекард.

*******     *****     ******

Ҳамчунин гузориш мерасад, ки дирӯз соати 16:36 дақиқа бар асари шамоли сахт болопӯши дуюми хонаи истиқоматии як сокини ҷамоати деҳоти Р.Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим чаппа шудааст ва  болои бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон афтида ба он зарар расондааст.  

Барои муаян намудани хисороти расида аз ин ҳодиса комиссияи ноҳиявӣ ташкил ва фаъолият дорад.

Ҳодисаи ба ин монанд дар  ҷамоати деҳоти Само, деҳаи Қадиҷуйбори ноҳияи Шаҳринав рух дод. Борони шадид ва шамоли сахд  болопӯши толори варзиши МТМУ №4, ки  20 метр дарозӣ ва 10 метр бар дошт, ба замин сарозер шуд.

Ҳоло комиисияи ноҳияҳои ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

*******     *****     ******

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар мерасад, ки  дар километри 448-и мавзеъи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, бар асари сел роҳи аҳамияти байналмиллалидоштаи самти Душанбе – Хоруғ  баста шудааст.

Дар айни замон барои бартараф кардани паёмадҳои ин офат техникаҳои муҳандисии МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, корҳо ба шиддат идома доранд.

Манбаъ: сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button