ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

КУМАКИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ БА НАЗДИКИ 1000 МУҲОҶИРИ БОЗДОШТШУДА (ВИДЕО+5 АКС)

Муҳаммад Собиров, намояндаи созмони “Тонг жаҳонӣ” (“Дунёи забонҳо”), ки ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия машғул аст, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ҳомиёни ҳуқуқ бо мусоидати хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва кумаки молии соҳибкори тоҷики муқими Маскав Фирдавс Наимов дар тӯли моҳи шарифи Рамазон ба  наздики 1000 муҳоҷирони дастгиршуда дар боздоштгоҳҳои деҳаи Сахарово дар канори шаҳри Маскав, шаҳри Егоревски вилояти Маскав ва шаҳри Тула ва ҳамчунин ба донишҷӯёни афғонистоние, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Маскав таҳсил мекунанд,  кумакҳои ғизоӣ бурдаанд.

Муҳаммад Собиров гуфт: “Асосан маҳсулоти ғизоӣ: нон, меваҷот, ширинӣ бурдем. Ва, албатта, оши палав. Мо рӯзи 5 апрел кумакҳои худро ба боздоштгоҳи шаҳри Тула бурдем, ки онҷо 60 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуданд. Рӯзи 8 апрел ба боздоштгоҳи Егоревск кумак бурдем. Онҷо 130 муҳоҷир дар боздошт дар интизори ихроҷ аз Русия қарор доранд. Рӯзи 22 апрел мо бо бастаҳои кумакҳои худ ба боздоштгоҳи Сахарово, ки онҷо ҳудуди 800 муҳоҷир нигоҳ дошта мешаванд, расондем. Мо дар боздоштгоҳҳо фарқ нагузоштем, ки дастгиршудаҳо тоҷиканд ё не? Ба ҳама кумак расондем”.

Ҳамин тавр, рӯзи 23 апрел ҳомиёни ҳуқуқ бо дастгирии молии Фирдавс Наимов ба 30 донишҷӯ аз Афғонистон кумакҳои ғизоӣ расондаанд.

Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.

Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, Фирдавс Наимов байни мардуми ниёзманд фарқ намегузорад ва нафақат ба ҳамватанони худаш – муҳоҷирон аз Тоҷикистон кумак мерасонад, балки ба ҳар нафаре, ки бо умеди дастгирӣ дарашро мекӯбад, дасти ёрии худро дареғ намедорад.

Созмони “Тонг жаҳонӣ” (“Дунёи забонҳо”) моҳи декабри соли 2021 Фирдавс Наимовро “Беҳтарин шахси дастбахайри соли 2021″ эълон карда буд. Намояндаи созмони “Тонг жаҳонӣ” ҳангоми супурдани ҷоизаи дастабахайри сол гуфт, худаш зодаи Ӯзбекистон аст, вале ба тоҷикҳо ҳасад мебарад, чунки онҳо нафаре ба мисли Фирдавс Наимовро доранд, ки “ӯро ба кори хайр даъват кардан аслан зарурат надорад, худаш ҳамеша ба анҷоми корҳои хайр ҳозир аст ва ҳамеша худаш  дасти кумакашро пешниҳод мекунад.”


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button