ВидеоИлму фанноварӣКоррупсия

“ДИССЕРНЕТ” ХОСТОРИ АЗ УНВОНИ ИЛМӢ МАҲРУМ КАРДАНИ ДУ ОЛИМИ ТОҶИК ШУД

Баъди таҳқиқи “Диссернет” дараҷаи илмии як вакили парлумони Тоҷикистон ва як устоди ДДОТ-ро бекор мекунанд. Пойгоҳи таҳқиқотии Диссернет хабар дод, ки танҳо дар моҳи апрели соли 2022 рӯйхати беш аз 20 олимро барои бекор кардани рисолаҳои илмияшон ба шӯроҳои дифои рисолаҳои илмии Русия пешниҳод кардааст, ки дар байни онҳо ду олими тоҷик, Зоир Раҳмонзода, роҳбари собиқи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва вакили ҳозираи парлумон ва Умед Сафаров, устоди Донишгоҳи озмӯзгории Тоҷикистон низ ҳастанд.

Пойгоҳ ин рӯйхатро имрӯз, 28 апрел нашр кардааст. “Диссернет” дар шарҳи ин рӯйхат навиштааст, ки онҳо мунтазири ҷаласаҳои шўроҳои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии Русия ҳастанд ва умедворанд, ташхис ба фоидаи онҳо ҳал мешавад.

Ин пойгоҳ ҳанӯз соли 2018 навишт, ки Зоир Раҳмонзода ҳангоми навиштани рисолаи номзадиаш дар мавзӯи “Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (“Социально-экономические аспекты внедрения информационных технологий в сфере высшего профессионального образования Республики Таджикистан”) ба асардӯздӣ матаҳҳам карда, танҳо 15 апрели соли 2022 ба Шӯрои рисолаҳои дифои Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ташкили истеҳсолоти саноатии Филиали Сибирии Академияи илмҳои Русия тавсия дод, ки ӯ аз унвони номзади илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шавад.

Пойгоҳи “Диссернет” гуфта буд, ин вакили парлумон ҳангоми навиштани рисолаи илмияш бахше аз кори худро аз корҳои имлии чанде аз олимон мисли Елена Попова, (Информационное обеспечение управления качеством образовательныхуслуг в средних специальных учебных заведениях, интегрированных в университетские комплексы), А. Жигунова (Учебно-методическое пособие к выполнению экономической части выпускной работы для специальностей факультета АТС), Г. Лаврентев, Н. Лаврентева, Н. Неудахина (Инновационные обучающие технологии в профессиональной подготовке специалистов), А. Кадушин, Н. Михайлова. (Оценить нельзя верить), Э. Злобин, С. Мищенко, Б. Герасимов, (Управление качеством в образовательной организации), В. Бондаренко, В. Ковалевский, В. Красильникова (Развитие современных информационных технологий в университетском округе), А. Федоров (Методологические аспекты информатизации профессионального образования) ва М. Горбунова (Экономический оборот образовательной услуги дополнительного профессионального образования) саҳифаеро пурра ва саҳифаеро қисман рӯйбардор кардааст

Ба навиштаи “Диссернет” Зоир Раҳмонзода 15 октябри соли 2011  рисолаи илмии худро дар шӯрои дифои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Файзалӣ Комилов дифоъ кардааст.

Зоир Раҳмонзода, зодаи ноҳияи Фархор, ки дар гузашта роҳбари ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, мудири Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва вакили маҷлиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд, аз 1 марти соли 2020 ваикли парлумони Тоҷикистон мебошад.

Ин пойгоҳ ҳамчунин, дар шарҳи рисолаи илмии Умед Сафаров, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ навишта буд, ки ӯ ҳангоми навиштани кори номзадиаш дар мавзӯи «Такмили механизми давлатии соҳаи сайёҳӣ дар шароити давраи гузариш: дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» даст ба асардуздӣ ё плагиат задааст.

Ӯ 24 саҳифаро аз рисолаи илмии олим Фатима Олигова дар мавзӯи “Маркетинговая стратегия как инструмент развития сферы туристических услуг региона”, ки соли 2003 ҳимоят шудааст, 20 саҳифаро аз рисолаи имлии Олга Мужанова, дар мавзӯи “Государственное регулирование развития туризма в Байкальском регионе : На примере Республики Бурятия”, ки соли 2000-ум ҳимоя шудааст, ва беш аз 40 саҳифаро аз рисолаи илмии Адам Алчагиров, дар мавзӯи “Государственное регулирование развития индустрии туризма : На примере Кабардино-Балкарской Республики”, ки соли 2005 дифоъ шудааст, рӯйбардор кардааст.

“Диссернет” гуфта буд, ки Умед Сафаров 19 ноябри соли 2011 рисолаи илмии худро дар шӯрои дифои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин айнӣ зери роҳбарии Сироҷиддин Комилов дифоъ кардааст.

То ҳол назари Раҳмонзода ва Сафаров ба ин иттиҳомоти “Диссернет” маълум нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button