3 ВА 4 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНУ СЕЛ ПЕШБИНӢ МЕШАВАД, ҲУШЁР БОШЕД!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 3-4-уми майи соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд омадани селҳо эҳтимол дорад.
Ғайр аз ин хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар дошта бошанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, КИ қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 29 апрели соли 2022 “бо мақсади пешгирӣ аз талафи ҳосил бар асари резиши жола дар қаламрави кишвар” кормандони Хадамоти жолаи КҲФ 40 мушак ба фазо партоб карда, 13 минтақаи жоларезро безарар гардониданд.
КҲФ гуфт, ин мушакҳои зиддижолаи навъи “Алазан” дар фазои боронии Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон партоб карда шуданд. “Ин тадбир имкон дод, ки садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз хатари жола эмин монанд”, гуфта мешавад дар хабар.