ВидеоИқтисод

ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ БА БУҶАИ ТОҶИКИСТОН 3,5 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ВОРИД ШУДААСТ

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 ба андозаи 103,3% таъмин гардида, ба ҷойи 3 млрд 451 млн сомонӣ ба буҷаи давлатӣ 3 млрд 565,6 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 114,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора рӯзи 2 май Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои Кумитаи андоз, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 106,3%, вилояти Хатлон 101,8%, вилояти Суғд 106,1%, шаҳри Душанбе 102,1% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 102,6% таъмин карда шудааст.

Инчунин, гуфта мешавад дар иттилоия, дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи андоз дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо дар маҷмӯъ 484 млн сомонӣ маблағи андозҳо ошкор карда шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои дар натиҷаи корҳои назоратӣ ошкоршуда бо дарназардошти маблағи бақияи солҳои қаблӣ ба буҷа 375 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн сомонӣ зиёд будааст.

Кумитаи андоз гуфт, чораҷӯиҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ва ба буҷет ворид намудани маблағҳо идома доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button