Муҳоҷирон

ТАЪХИР Ё ЛАҒВИ БЕШ АЗ 600 ПАРВОЗ АЗ ФУРУДГОҲҲОИ МАСКАВ, САБАБАШ ГУФТА НАМЕШАВАД

Рӯзи 1 майи соли 2022 дар фурудгоҳҳои Маскав беш аз 60 парвозро бекор кардаанд ваё ба таъхир гузоштаанд. Дар ин бора бо такя ба маълумоти додаи фурудгоҳҳо «Яндекс Расписания» хабар дод. Дар байни парвозҳои батаъхирафтода ваё бекоршуда парвозҳо ба Тоҷикистон низ ҳаст.  Қарори маълум, дар арафаи иди Фитр садҳо муҳоҷири тоҷик мехостанд худро ба Ватан бирасонанд, то идро дар ҳалқаи хешу табор ва ёру дӯстон таҷлил кунанд.

Бино ба иттилои нашршуда, рӯзи 1 май ба ҳолати то соати 14, дар фурудгоҳҳои Маскав 30 парвозро пурра бекор карда, 31 парвози дигарро ба таъхир гузоштаанд. Танҳо дар фурудгоҳи Домодедово, ки парвозҳо ба Тоҷикистон асосан аз ҳамин фурудгоҳ сурат мегиранд, 6 парвозро бекор карда, 10 парвозро ба таъхир гузоштаанд. Дар фурудгоҳи Шереметево 21 парвозро бекор карда, 15 парвозро ба таъхир гузоштаанд. Дар фурудгоҳи Внуково 3 парвоз бекор шуда, 6 парвоз ба ақиб гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, парвозҳо ба кишварҳое, чун Миср, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус ва ҳамчунин ба Тоҷикистон сурат нагирифтаанд.

Сабаби ин ҳанӯз рӯшан нест, масъулони фурудгоҳҳо то ҳол масъаларо шарҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Маркази ҳавошиносии Русия, рӯзи 1 май ҳаво дар Маскав хубу бебориш буд ва ягон монеаи табиӣ барои нишасту хези ҳавопаймоҳо вуҷуд надошт.

21 рейсов, 15 задержано, во Внуково задержано 6 рейсов, 3 рейса отменено.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button