ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ 4 НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ ДАР ШОҲМАНСУР: ҶАВОНРО “ОБЛАВА” КАРДА, АЗ ПАДАРАШ ПУЛ ГИРИФТААНД

Шаби 30 апрел ба 1 май кормандони дафтари ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани пора аз падари як ҷавоне, ки бо тариқи “облава” дастгир шуда буд, дастгир кардаанд.

Як манбаъ аз Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 1 май дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” бархе тафсилоти ин қазияро нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин 4 нозири минтақавӣ як ҷавонеро, ки аз рӯи синну сол метавонист ба хидмати ҳарбӣ даъват шавад, дастгир кардаанд.  Онҳо ба ҷои ба комиссариати ҳарбӣ бурдани ҷавон хостаанд, ки ӯро ба волидонаш “бифурӯшанд”. Нозирони минтақавӣ аз падари ҷавон дар ивази раҳоии ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.

“Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврии тафтишотӣ, кормандони милитсия тавонистанд ин 4 афсари милитсияро ҳангоми гирифтани ин 5 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд. Ин маблағ аз дасти онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шуд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба зидди ин 4 нозири минтақавӣ бар асоси қисми сеюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми “қаллобӣ ба маблағи бузург б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун ба онҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё каме бештар аз 5 доллар) ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агентии мубориза бо коррупсия дар гузоришҳояш мақомоти корҳои дохилиро пайваста дар қатори ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада номбар мекунад.

Тоҷикистон дар умум яке аз кишварҳои фасодзадатарини дунё ба шумор рафта, дар гузориши ахири созмони Транспаренси Интенэшнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 150-ум ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button