ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ САДАМА: ДАР САДАМА ДАР РОҲИ ЁВОН ДУ КАС ҲАЛОК ВА 4 КАСИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  рӯзи 30 март аз ҳалокати ду нафар, бо шумули як кӯдаки панҷсола, ва ҷароҳат бардоштани 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки яке яксола ва дуюмӣ даҳсола дар як садамаи марговар дар роҳи Ёвон – Рӯдакӣ, дар наздикии деҳаи Гулоб хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 29-уми апрели соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маханов Ҷӯрабек Атабоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Гулоб бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба девори канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони ин мошин: Гулова Юлдузой Гуловна, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ёвон ва ноболиғ Ҳайталиева Мадина Азимхоновна, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари ин мошин: Ҳайталиева Саида, соли таваллудаш 1991 ва Алимардонова Зиёда, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Ёвон ва хурдсолон; Очилдиев Алиҷон, соли таваллудаш 2021 ва Намозова Солеҳа, соли таваллудаш 2012, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Телеграм-канали Парвиз ТВ қаблан видео аз маҳалли ин садамаи марговар дар Ёвонро нашр карда буд:

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар  ва ҳалокати як модари ҷавон бо тифли яксолааш дар ин садама дар ноҳияи Данғара хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаби 22-юми апрели соли 2022, тахминан соати 21:18, ронандаи мошини тамғаи “БМВ-Х5”, Самандарзода Наврӯз, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013”, ки таҳти идораи ронанда, Қувватов Эмомалӣ Зайнуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Норак қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21013” Қувватов Э.З. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, оилааш Самиева Фирӯза Маҳмасаидовна, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара ва писари хурдсолаш Қувватов Муҳаммад Эмомалиевич, соли таваллудаш 2021, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button