ВидеоНомаҳо ба президентТаърих

СОЛГАРДИ 25-УМИ СӮЪИҚАСД БА ҶОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ХУҶАНД: ПРЕЗИДЕНТРО КӢ НАҶОТ ДОД? (ВИДЕО)

Аз сӯъиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд инак 25 сол гузашт. 30 апрели соли 1997 дар ҳамла ба президент дар майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки бо истифода аз силоҳу граната ва маводи тарканда сурат гирифт, беш аз 50 нафар, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, ҷароҳат бардоштанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пояш ҷароҳат бардошт, баъди ҳамагӣ ним соат, дар пайи муоинаи табибон ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргашт ва дар пеши мардум суханронӣ кард.

Дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд чанд нафар, аз ҷумла Хуршед Абдушукуров, мулаққаб ба “Тайсон” ва Абдулло Абдуллоҷонов – бародари сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро гунаҳкор карданд. “Тайсон” ҳангоми сӯиқасд кушта шуд, вале бародари Абдуллоҷоновро ба қатл маҳкум карданд.

Ёқуб Салимов, ки соли 1997 раиси гумрук буд ва президентро дар он сафар ҳамроҳӣ мекард, чандин бор гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро он рӯз аз марг наҷот дод.

Вале ду сол пеш нашрияи “СССР” дар як матлаб навишт, ки ҷони Эмомалӣ Раҳмонро сармуҳофизаш Мурод Саидов наҷот дода буд, на Ёқуб Салимов.  Ҳамчунин журналист Нилуфари Азиз ҳамон соли 2020 дар як филми мустанад бо номи “Дурбини ҳақиқат” видеоҳои нодири сӯиқасди 30 апрели соли 1997 ба ҷони президентро нашр кард ва низ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро Мурод Саидов наҷот дода буд.

Чанд моҳ баъд аз сӯиқасди Хуҷанд – моҳи августи соли 1997 – Ёқуб Салимовро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев гунаҳкор карданд ва ӯ тарки Тоҷикистон кард. Ӯро соли 2004 аз Русия оварда, ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ёқуб Салимов моҳи июни соли 2016 аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар Душанбе дар як ҳолати нимаинзовоъ ба сар мебарад.

Мурод Саидов дар ин муддат соҳиби унвони генерал-майор шуда, то кунун роҳбарии Хадамоти муҳофизати президентро ба ӯҳда дорад ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар доираҳои ҳокими кунунии Тоҷикистон дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button