ВидеоДин ва боварҳо

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР АРАФАИ ИД БА 7500 НАФАР КУМАК РАСОНДААСТ

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дод, ки дар арафаи Иди саиди фитр аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 7 500 нафар, аз ҷумла 1251 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим кардаанд.

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, аз кумакҳои Рустами Эмомалӣ аз ҷумла дастпарварони мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, мактаб-интернати махсуси №2, мактаб-интернати ёрирасони №3 ва мактаб-интернатҳои  № 4 ва №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди пойтахт,  Хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, мактаби миёнаи махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, кормандони идораҳои роҳи пойтахт, маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманд баҳраманд гардидаанд.

   Кумакҳои иборат аз маводи озуқаро намояндагони шаҳрдорӣ тақсим кардаанд.

Гуфта мешавад, дар арафаи Иди саиди фитр ҳамзамон оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино  низ аз кумакҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бархӯрдор гардидаанд.

“Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак ва гамхорӣ зоҳир карда мешавад”, гуфта мешавад дар иттилоияи шаҳрдории пойтахт.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз моҳи январи соли 2017, инак беш аз 5 сол боз раиси пойтахти ин ҷумҳурист. Соли 2020 ӯ раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва расман мақоми роҳбари дуюми ҷумҳуриро ба даст овард. Бисёриҳо Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии тахти президентии падараш мешуморанд. Вале нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш чанд сол боз ба далелҳои мухталиф ба таъхир гузошта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button