Хабарҳои кӯтоҳ

ПАРТОБИ 40 МУШАКИ “АЛАЗАН” ЗИДДИ ЖОЛА ДАР СОМОНУ ҲИСОРУ ТУРСУНЗОДА ВА ХУРОСОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 29 апрели соли 2022 “бо мақсади пешгирӣ аз талафи ҳосил бар асари резиши жола дар қаламрави кишвар” кормандони Хадамоти жолаи КҲФ 40 мушак ба фазо партоб карда, 13 минтақаи жоларезро безарар гардониданд.

КҲФ гуфт, ин мушакҳои зиддижолаи навъи “Алазан” дар фазои боронии Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон партоб карда шуданд.  “Ин тадбир имкон дод, ки садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз хатари жола эмин монанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан ҳушдор дод, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 3-4-уми майи соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд омадани селҳо эҳтимол дорад. Ғайр аз ин, гуфта мешуд дар ин ҳушдор,  хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар дошта бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button