ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

НАХУСТИН АКСИ АЛОВАТШОЕВ АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: Ӯ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 29 апрел дар як додгоҳе, ки ҳамагӣ чанд соат давом кард, ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Тафсилоти ҳукм дастрас нест ва мақомот шарҳе дар ин бора надодаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки Амриддин Аловатшоевро ба ҷиноятҳое, чун гаравгонгирӣ ва ҳабси худсарона айбдор мекунанд. Вале тарафдоронаш бар инанд, ки сабаби асосии таъқибу боздошти ӯ ташкили митинги эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар санаи 25 ноябри соли 2021 буд.

Дар ҳоле ки мақомот ҳукми Аловатшоевро то ҳол шарҳ надодаанд, як манбаъ ба  Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муҳокимаи парвандаи ӯ нимаи дуюми рӯзи 29 апрел,  соати 14 дар Боздоштгоҳи №1 дар шаҳри Душанбе  таҳт раёсати додрасе аз додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфта, ҳамагӣ чанд соат тӯл кашид ва алакай бегоҳи ҳамин рӯз додгоҳ ҳукмашро содир кард.

“Муҳокимаи парванда ҳамагӣ чанд соат тӯл кашид. Мо ҳайрон шудем, ки чунин иттиҳомҳои вазнинро чӣ гуна мумкин аст дар як рӯз баррасӣ карда, ҳукм содир намоӣ? Вакилони дифоъро дер хабардор карданд”, – гуфтааст манбаи Озодӣ.

Ба қавли ин манбаъ, Амриддин Аловатшоев  дар додгоҳ гӯё  иттиҳоми эълонкардаи мақомотро ба гардан гирифтааст, вале маълум нест, ин худиқрорӣ  таҳти чӣ шароите аз ӯ ба даст омадааст.

 Гуфта мешавад, наздикони Аловатшоев ба назди боздоштгоҳ омада буданд, вале касе аз онҳоро ба мурофиа роҳ надодаанд.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронд.

Амриддин Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва бино ба хабарҳо, алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо рӯзи 2 феврал тасдиқ карданд, ки ӯ дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button