Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА БАРОИ ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ БА МАБЛАҒИ 65 ҲАЗОР СОМОНӢ

Ноболиғи 13-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2022, тахминан соати 14:00 аз хонаи истиқоматии зани 33-солаи сокини пойтахт ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро  ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ дуздидаааст.

ххххххххххххх

Марди 53-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2019 аз як сокини пойтахт ба маблағи қариб 51 ҳазор доллар ва 35 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 30 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғ барои дуздии ҷавоҳирот

004

Ба ШВКД-1 дар ноӽияи Сино бо ариза зани 33-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2022, тахминан соати 14:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 65 ӽазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 13-солаи сокини шаӽри Душанбе, ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҷавоҳирот

003

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 50-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2019, марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 50 ҳазору 994 доллари амрикоӣ ва 35 ҳазору 429 сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button