ДУЗДИИ СЕ САР ГОВ АЗ ЧАРОГОҲИ САРИ БАНД ВА БАҲСИ 600 ҲАЗОР СОМОНӢ ҚАРЗ
Ду сокини шаҳри Кӯлоб баъди 1 соли 8 моҳ бо иттиҳоми дуздии се сар чорвои калон аз заминҳои чарогоҳи Сари Банди ноҳияи Муъминобод дастгир шудаанд.
хххххххххххххх
Сокини 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки соли 2017 аз як сокини Душанбе 600 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, то ҳол барнагардондааст. Сокини 49-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи августи соли 2021 аз як сокини пойтахт 4500 доллар гирифта, то ҳол пули ӯро пас надодааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 29 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ифшо шудани дуздии 3 сар чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод ба ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи Сари банди ҳамин ноҳия 3 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 39-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба қарз
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада аз ӯ 600 ҳазор сомонӣ ҳамчун қарз гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 4 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.