ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

БЕШ АЗ ДУ МИЛЛИОН СОКИНИ ТОҶИКИСТОН ВОЯИ СЕЮМИ ВАКСИНАРО ГИРИФТААНД

Вазорати тандурусти Тоҷикикистон хабар дод, ки то 27 апрели соли 2022 дар умум 5 миллиону 210 ҳазору 943 нафар, яъне 93,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 5 миллиону 53 ҳазору 778 нафар, яне 90,3 фоизи шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Ба вояи сеюми ваксина 2 миллиону 19 ҳазору 226 нафар, яъне 36,1 фоизи шаҳрвандони мамлакат фаро гирифта шудаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки суръати ваксинагирӣ дар ин авохир сусттар шудааст. Дар як ҳафтаи охир ба шумори онҳое, ки вояи аввал гирифтанд, ҳамагӣ 8 ҳазор нафар афзуда, шумораи онҳое, ки вояи дуюми ваксинаро гирифтанд, 5 ҳазор нафар бештар шудааст. Вале шумораи онҳое, ки ба вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус фаро гирифта шуданд, 263 ҳазор нафар афзуда, аз марзи ду миллион нафар гузаштааст.

Вазорати тандурусти Тоҷикикистон қаблан хабар дода буд, ки то 20 апрел дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар, яъне 92,9 фоизи аҳолии калонсоли кишвар ба вояи якуми ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуда, 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, ё худ 89,8 фоиз бо вояи дуюм ва 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар ё 31,4 дарсад алакай бо вояи сеюм моякӯбӣ шудаанд.

Бо мақсади эмкунии сокинон ва пешгирии бемории коронавирус ба Тоҷикистон то имрӯз  қариб 15 миллион вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer ва Спутник V оварда шудаанд. Ҳамаи ин ваксинаҳо тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, яъне ба сурати ройгон ба Тоҷикистон дода шудаанд.

Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус аз 3 июли соли 2021, гирифтани ваксинаи зидди ин беморӣ барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.  Шумораи он сокинони Тоҷикистон, ки бояд ҳатман аз коронавирус ваксина бигиранд, наздики 5,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022 ба ин тараф, яъне инак беш аз ду моҳ боз ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ сабт накардааст. Аз аввали пандемия, бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 17 ҳазору 388 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор гардида, аз ин шумор 17 ҳазору 264 нафар шифо ёфтанд, вале 124 нафар, мутаассифона, қурбони ин бемории қаттол шуданд. Мунтақидон шумораи воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирусро дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмии вазорати тандурустӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button