ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

БА ЗЕРИ ХОК НЕ, БО МО БИМОНӢ… МАРСИЯИ НИГИНА ВА МУБОРИЗ ДАР МАРГИ ДАМИРБЕК (ВИДЕО)

Бо гузашти қариб се моҳ аз марги фоҷиавии овозхони ҷавони тоҷик Дамирбек Олимов, ду ҳунарманди ҷавон Нигина Амонқулова ва Мубориз Усмонов марсияеро дар марги ӯ бо номи “Ёдгорӣ” сабт ва дар Ютуб нашр кардаанд.  Ин таронаро, ки бо як лаҳни пур аз ғам ва зери оҳанги маҳзун иҷро шудааст, дар чанд соати аввал  танҳо дар канали Tamoshow дар Ютуб алакай 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Нигина Амонқулова овозхонест, ки роҳи Дамирбек Олимов ба сӯи қуллаҳои шуҳрат дар эстрадаи тоҷик маҳз аз иҷрои дуэти “Кабӯтар” бо Нигина оғоз ёфта буд.

Нигина ва Мубориз дар ин тарона аз ҷумла мехонанд:

Ба рӯи барги гулҳои баҳорӣ

Намехоҳам нависам сӯгворӣ.

Чӣ душвор аст, эй мардум ба дунё,

Кашиданҳои бори ёдгорӣ.

Дар он шоми сиёҳи замҳарирам

Куҷо будам, ки роҳатро бигирам?

Ту онҷо хоб дар оғӯши хоку

Ман инҷо аз ҳуҷуми ғам бимирам.

Қарор ин буд, ки байти нав бихонӣ,

Ба зери хок не, бо мо бимонӣ…

Дамирбек Олимов шаби 5 феврал дар як садама дар гардиши Боғи миллӣ дар мавзеи Сартӯқай дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохт. Дар ин садама ду навозандаи гуруҳи Дамирбек Олимов ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, мошини Дамирбек Олимов дар роҳи бозгашт ба Хуҷанд аз як ҳунарнамоӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров дучори садама шуд. Овозхони равоншод ҳамагӣ 32 сол дошт. Аз ӯ се фарзанд  – ду писар ва як духтар – ятим монд.

Дамирбекро нимаи дуюми рӯзи 5 феврал дар зодгоҳаш, шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурданд. Ботур Олимов, мутриби шинохта ва падари овозхони ҷавонмарг дар маросими видоъ бо фарзандаш дар масҷид аз ҳамаи ҷамъомадон хост, ки писарашро ба роҳи охират бо қарсак гусел кунанд. Падари ғамзада дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард, хитоб ба мардуми ҷамъомада гуфт: “Ба ҳамаатон раҳмат! Ман як илтимосам ҳаст, ки мумкин гапи ман хато ҳам бошад, бачаяки маро бори охирин бо кафкӯбӣ гусел кунед!”

Баъди  ин илтимоси падари ғамзадаи Дамирбек мавҷи кафкӯбӣ майдонро фаро гирифт.  Ба ин тартиб, маросими видоъ бо овозхон охирин бенефиси ӯ шуд ва мавҷи кафкӯбиҳо дар бағал Дамирбек раҳсипори  охирин сафари худ – сафари охират шуд…

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич  дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд. Охирин таронаи ӯ “Бачагиям” ҳамагӣ ду моҳ қабл аз маргаш нашр шуд.

Ин бори аввал нест, ки ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button