ВидеоДин ва боварҳо

ШАРҲИ ВАЗОРАТ: РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ДАР ТАМОМИ МАКТАБҲО РӮЗИ ИСТИРОҲАТ АСТ!

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 28 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук овозаҳои пайдошуда дар бораи гӯё рӯзи дарсӣ эълон шудани рӯзи иди Фитрро рад кард ва навишт: “Дуюми майи соли 2022 иди саиди Рамазон таҷлил мегардад! Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ истироҳат аст!

Дар майдони шарҳи зери матлабаш Эҳсони Хушбахт тавзеҳ дод, ки “ҳама медонад, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” истироҳат эълон шудааст, аммо аз чӣ бошад, ки боз овозаҳо дар хусуси ташкил шудани дарс дар ин рӯз пайдо шудааст…)”

Ин дар ҳолест, ки солҳои гузашта кӯшишҳои рӯзҳои дарсӣ кардани рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон сурат гирифта буд ва нигаронии сокинон аз эҳтимоли имсол ҳам дар рӯзи ид ба дарс даъват кардани толибилмон аз ҳамон талошҳои қаблӣ маншаъ мегирифт.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон, рӯзи 27 апрел дар ҷаласааш қарор кард, ки иди саиди Фитр дар ҷумҳурӣ рӯзи 2 май таҷлил шавад.

Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати омад-омади иди саиди Рамазон табрик кард ва гуфт, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи душанбе 2-юми май рост меояд.

            Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи душанбе 2-юми майи соли 2022 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-00 дақиқа муайян карда шавад.
  3. Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки барои расонидани кўмаки моддӣ ба мўҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рўзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.

Шӯрои уламо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон фитри рӯзаро барои мардуми оддӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва барои мардуми нисбатан доро ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ ва фидяи савмро барои соҳибони узри шаръӣ барои 30 рӯзи моҳи шарифи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар карда буд. Ҳамин тавр, нисоби закот барои мардуми воҷибулзакот 35 000 сомонӣ муқаррар гардид ва Шӯрои уламо гуфт, аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button