ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ПИСАРИ БАҲОДУР НЕЪМАТОВ РАҲБАРИ АНСАМБЛИ ОВОЗАДОРИ “ГУЛШАН” ШУДААСТ (ВИДЕО)

Баҳоваддин Неъматов, овозхони ҷавон ва фарзанди хурдии ҳунарманди шинохтаи тоҷик Баҳодур Неъматов, роҳбари ансамбли эстрадии дар даврони Шӯравӣ овозадори “Гулшан” таъйин шудааст. Баҳоваддин Неъматов дар роҳбарии ин ансамбл Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимовро иваз кард. Сабаби барканории Бахтиёр Иброҳимов, ки имсол ба синни 50 расид, маълум нест.

Ба фарқ аз падари овозадораш дар бораи Баҳоваддин Неъматов маълумоти зиёде дастрас нест.

Баҳодур Неъматов, овозхони нотакрори ансамбли овозадори «Гулшан» ва хонандаи “Шаб ба хайр” – яке аз машҳуртарин таронаҳои тоҷикии асри 20 –20 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1990 Донишкадаи санъатро хатм кардааст. Баҳодур Неъматов аз соли 1977 дар ансамбли эстрадии “Гулшан” ҳунарнамоӣ карда, солҳои 2001-2003 роҳбарии ин ансабмлро бар дӯш дошт. Баҳодур Неъматов аз намояндагони насли тиллоии “Гулшан” буда, дар ҳайъати он дар солҳои гуногун дар канори ситораҳои машҳуре, чун Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Мағфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев ҳунарнамоӣ кардааст.

Беш аз 100 таронаи Баҳодур Неъматов дар фонди Радио ва телевизиони тоҷик сабт гардидаанд, ки машҳуртаринҳояш “Эй Ватан”, “Шаб ба хайр”, “Майда –майда мерақсӣ”, “Ҷононаке”, “Бути нозанин”, “Гулро намефўшанд”, “Ишқи дерин”, “Чу механдӣ”,“Чашми сиёҳе дорӣ”,“Боз ошиқ шавам”, “Дунёи ҷавонӣ”,“Ёр, ёр дилозор”, “Сулҳ”, “Ҷон модарам”, “Занг бизан”, “Душанбе – шаҳри Ваҳдат”, “Эй ҳамватан”,“Тоҷикистон” мебошанд. Ӯ солҳои охир бештар бо сабки классикӣ тарона мехонад.

Вале маҳбубтарин таронаи ӯ, бидуни шубҳа, “Шаб ба хайр” мебошад, ки Баҳодур Неъматов ҳамроҳи шодравон Муқаддас Набиева бар пояи шеъри Лоиқ Шералӣ иҷро кард. “Шаб ба хайр” дар тӯли даҳсолаҳо таронае буд, ки ҳар тӯю шабнишинӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он бо хондани ҳамин тарона ҳусни анҷом мепазируфт.

Ансамбли “Гулшан” соли 1964 таъсис ёфтааст. Даврони тиллоии он солҳои 70 ва 80, солҳое буд, ки дар ҳайъати “Гулшан” ситораҳое, чун Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Мағфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов ҳунарнамоӣ мекарданд.

Баъди суқути Шӯравӣ шуҳрати ин ансамбл аз байн рафт ва дигар натавонист мисли даврони тиллоияш дигарбора дар арсаи эстрадаи тоҷик бидурахшад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button