ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ГОВДУЗДӢ ДАР КӮЛОБ ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР ДУШАНБЕ

Сокини 30-солаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 9 март аз ҳавлии сокини48-солаи ҳамин шаҳр як сар чорвои калонро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ба ӯ бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх

Сокини 31-солаи шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 21-уми феврали соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 35 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 28 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии як сар чорвои калони шохдор

050

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми марти соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 30-солаи сокини ӽамин шаӽр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси моддаи 244 аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тасарруф намудани маблағ бо роӽи қаллобӣ

032

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 21-уми феврали соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 35 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздиди роҳбарияти ВКД аз Хоҷагии ёрирасон

 viber_2022-04-27_17-37-32-430

27-уми апрели соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба заминҳои Хочагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор ташриф овард.

 viber_2022-04-27_17-37-32-822

Вазири корҳои дохилӣ, аз ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда картоша, карам ва дигар намуди зироатҳои кишткарда шуда, дидан намуд.
Ҳамзамон ба масъулини Хоҷагии ёрирасон барои нағз нигоҳубин намудани дарахтон, зироатҳои полезӣ ва ҷамъоварии онҳо дастуру супоришҳо дод.
Масъулини Хочагии ёрирасон нақша доранд, ҳосили имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилиро сари вақт бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар фасли тобистон афсарону сарозон ба мавсими зимистон омодагӣ гирифта, афшураву мураббо аз меваҷоти гуногун ва ҳар гуна хӯришҳо аз маҳсулоти полезӣ омода месозанд, ки дар тамоми фаслҳои сол дастурхони онҳоро зебу ороиш дода, бо маҳсулоти босифат ва қувватнокиаш зиёд таъмин менамояд.
Аз заминҳои Хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.

 viber_2022-04-27_17-37-32-018

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button