ВидеоМуҳоҷирон

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК ДАР ОРЕНБУРГИ РУСИЯ

Зиндагии як оилаи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Оренбурги Русия дар як шаб ба куллӣ дигар шуд. Марги саробони ягонаи ин хонавода падару модар ва зану се фарзанди ӯро ғарқи мотам кардааст. Шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал дар шаҳри Оренбург дар назди мошинаш ҷасади таксирони тоҷики 32-соларо бо захмҳои корд дар қисмати рӯ ва қафаси синааш пайдо карданд. Ӯ қабл аз марг тавонистаст ба додарарӯсаш занг зада, хоҳиш кунад, ки ӯро аз ин ҷангал баранд. Вале вақте ки наздиконаш ба онҷо мерасанд, муҳоҷири тоҷик алакай ҷон бохта буд. Тафтишот бар ин аст, ки ронандаро эҳтимолан охирин муштарие, ки ӯ шаби 26 ба 27 апрел савор карда буд, куштааст. Аввалин гумонбар дар куштори ронандаи тоҷикро алакай дар ҷумҳурии бо Оренбург ҳамсояи Бошқирдистон дастгир кардаанд. Ном ва миллияти ӯ нашр нашудааст.

Раёсати тафтишоти вилояти Оренбург хабар дод, ки шаби 27 апрели соли 2022, соати 00.30, дар назди мошинаш дар як ҷангал, тақрибан 170 метр дуртар аз кӯчаи Нахимови шаҳри Оренбург ҷасади сокини маҳаллии 32-соларо бо ҷароҳатҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй ва қафаси синааш пайдо карданд. Дар робита ба ин қазия бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Раёсати тафтишоти Оренбург хабар дод, ки  “дар чорчӯби ин парванда дар қаламрави Ҷумҳурии Бошқирдистон нафареро муайян ва дастгир кардаанд, ки бино ба маълумоти муқаддамотӣ, метавонад дар ин ҷиноят даст дошта бошад”.

Тафтишот гуфт, дар ҳоли ҳозир, масъалаи барои анҷоми амалиёти тафтишотию мурофиавӣ  аз Бошқирдистон ба Оренбург овардани гумонбари дастгиршуда ҳал шуда истодааст.

Ба хабарнигори нашрияи маҳаллии 1743.ru муяссар шудааст, ки бо бародари ронандаи кушташуда суҳбат кунад. Ӯ нақл кардааст, ки бародараш дар Тоҷикистон ба дунё омада, тақрибан 7-8 сол пеш ба Оренбург кӯчид ва дар инҷо хонаву ҳавлӣ харид. Ӯ сипас падару модар ва ҳамсари дуюмашро бо се фарзандаш ба инҷо овард. Ду фарзанди ӯ аз зани аввал ва сеюмаш аз зани дуюмаш будаанд.

Ба гуфтаи бародараш, ӯ дар Оренбург аз ҳисоби таксиронӣ зиндагиашро пеш мебурд ва ягона саробони оилаашон буд. Вале ҳама чӣ шаби 26 ба 27 апрел якбора иваз шуд.

Бино ба нақли бародараш, он шаб таксирони тоҷик соати ҳашти шом барои об ба мағоза рафт, вале дигар барнагашт.

 “Соати 11 ё 12 шаб, ӯ ба додарарӯсаш занг зада, кумак хостааст. Танҳо гуфтааст, ки дар кӯчаи Нахимов дар назди ҷангал қарор дорад. Бо ҳамин алоқа қатъ шудааст”, – нақл кардааст  ба 1743.Ру бародари ронанда кушташуда.

Маълум шудааст, ки ӯро ҳамагӣ 2 километр дуртар аз хонааш куштаанд. Мутаассифона, вақте ки наздиконаш ба суроғи ӯ баромаданд ва ронандаи тоҷикро дар ҷангал ёфтанд, ӯ алакай ҷон дода буд.

“Ӯ ягон душман надошт, як одами ором буд. Падару модарам ва ҳамсари бародарам мехоҳанд қотили ӯ ҷазои сангинтарин бигирад”, — гуфтааст бародари мотамзадаи таксирони тоҷик.

Ҳар сол дар Русия то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ҳар сол дар бораи куштори чандин тоҷик дар Русия хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button