ВидеоИлму фанноварӣ

8 СОАТ ТӮЛ КАШИД: ДАР ТОҶИКИСТОН ЯК ҶАРРОҲИИ НОДИРИ САРАТОН АНҶОМ ДОДА ШУД (АКС)

Кормандони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  аввалин бор дар ҷумҳурӣ чарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамозро анҷом додаанд. Дар ин бора рӯзи 28 апрел сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ин ҷарроҳӣ чанд рӯз қабл аз ҷониби мудири кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоӣ, доктори илмҳои тиб Юлдошев Равшан, ассистентон Ҷамшедов Ҷовид ва Нуриддинов Йигиталӣ ва дигар кормандони кафедра бо усули гибридӣ бо анастамози колофарингоанастамоз анҷом дода шуд.

Ҷарроҳии мазкур 8 соат давом карда ва дар давоми ҷарроҳӣа аз бадани бемор 200-250 милилитр хун рафтааст.

Тавре Равшан Юлдошев ва Йигиталӣ Нуриддинов хабар додаанд, беморе, ки аз саратон ҷарроҳӣ шуд, 34-сола буда, як сол қабл бо аломатҳои аз ишқор сӯхтани сурхрӯдааш дар Маркази саратоншиносии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шуда буд. Тибқи натиҷаҳои ташхисҳои қабл аз ҷарроҳӣ анҷомшуда, ҳама қисми сурхрӯда, аз қисми гардан сар карда, то қисми қафаси сина ва қисми абдоминалии сурхрӯдаи бемор пурра сӯхта ва стеноз гардида буд.

Ба гуфтаи ҷарроҳон, ҳоло бемор дар ҳолати хуб буда, зери назорати пурраи табибон қарор дорад.

Аксари беморони саратон аз Тоҷикистон ба сабаби набудани шароит ва мутахассисони лозим дар ҷумҳурӣ маҷбур мешаванд, барои анҷоми ҷарроҳиҳои мураккаб ба кишварҳои хориҷӣ бираванд. Агар қаблан аксари чунин беморон ба Русия ва баъдҳо ба Эрон мерафтанд, ҳоло шумори онҳое, ки барои табобати саратон ба Чин ва Ҳиндустон мераванд, бештар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button