55 КУШТА, 240 ЗАХМӢ… СОЛГАРДИ АВВАЛИ ХУНИНТАРИН МУНОҚИША ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
28 апрел солгарди аввалини хунинтарини муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ин муноқиша, ки як сол пеш, аз 28 то 30 апрели соли 2021 давом кард, бо 55 куштаю 240 захмиаш хунинтарин рӯёрӯӣ нафақат дар марзи ин ду кишвар, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар қариб 100 соли охир, яъне аз замони “босмачиён” ба ин сӯ, дониста мешавад.
Муноқиша аз баҳси сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ва деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд дар назди истгоҳи обтақсимкунӣ, маъруф ба “Головной”, бар сари насби як видеокамераи назоратӣ дар яке аз сутунҳои атрофи ин истгоҳ оғоз ёфт ва аввал ба сангандозӣ ва дар ниҳоят ба тирпаррониҳои шадид байни ду тараф печид. Дар тирпаррониҳо дар назди “Головной” ҳатто шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки барои музокирот омада, аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуд.
Задухӯрдҳо аввал дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд оғоз ёфта, баъдан ба марзи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак ҳам кӯчид.
Танҳо рӯзи 1 май ҳайъатҳои ду кишвар дар мавриди оташбас ба тавофуқ расиданд.
Ҳарду ҷониб то кунун якдигарро дар он муноқишаи хунин гунаҳкор мекунанд.
Сокинон ва нирӯҳои Тоҷикистон дар ҷараёни задухӯрдҳои поёни моҳи апрели соли 2021 тавонистанд истгоҳи “Головной” ва бархе заминҳои дигареро, ки Қирғизистон қаламрави худ медонист, ба даст биоранд ва ҳатто то ба ҷамоати дар бунбаст мондаи Ворух роҳ бикушоянд.
Бар асоси натиҷаҳои музокирот, нирӯҳои ҳарду тараф ба мавқеъҳои қаблии худ баргаштанд ва истгоҳи “Головной”, як манбаи асосии муноқишаҳои солҳои охир дар марзи Исфараю Бодканд, низ дигарбора ба зери назорати ҷониби Қирғизистон гузашт.
Бино ба ҳисоботи мақомоти ду кишвар, дар ҷараёни муноқишаи поёни моҳи апрели соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуда, аз тарафи Қирғизистон 36 нафар ҷон бохта, 153 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.
Ин муноқишаҳо имсол низ идома ёфтанд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар аз ҷониби Тоҷикистон 4 нафар, бо шумули 2 марзбон ва 2 сокини Исфара, кушта шуда, аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.