Ҳодиса

РУСТАМ НАБИЕВ, ПИСАРИ ХУРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚ РАҲМОН НАБИЕВРО ДАР ОРОМГОҲИ “ГУНБАЗИ ҚОШУҚ” БА ХОК СУПУРДАНД (3 АКС)

Рустам Набиев – писари хурдии президенти дуюми Тоҷикистон Раҳмон Набиевро рӯзи 26 апрел дар оромгоҳи Гумбази қошуқи шаҳри Хуҷанд, дар як қитъаи марбут ба хонаводаи Набиевҳо дар паҳлуи мазори бародараш Рашид Набиев ба хок супурданд. Дар ин бора дар Фейсбук бо нашри 3 акс аз маросими дафн Бахтиер Сатторӣ, яке аз дӯстони наздики Рустам Набиев, хабар дод.

Рустам Набиев субҳи 25 апрел дар шаҳри Хуҷанд дар синни 53 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук духтари ягонаи Набиев Мунаввара Набиева хабар дод. Ӯ дар бораи сабаби марги додараш чизе нагуфт ва танҳо ҳамин қадар навишт ки: Ҷои додарам Ҷаннат шавад! Худованд раҳмат кунад

Рустам Набиев, ки аз рӯи касб табиб буд, солҳои зиёде роҳбари ширкати маводи сӯхти “Зӯҳро” буд. “Газпромнефть Таджикистан” баъдан дар заминаи ҳамин ширкати Набиев рӯи кор омад.

Бахтиер Сатторӣ навишт, Рустам Набиев ссоҳибкори дастбахайре буд ва ҳамеша ба ятимхонаҳо ва муҳтоҷон кумак мекард. Бино ба иттилои ӯ, тоза 11 апрели соли ҷорӣ, дар солгарди марги падараш Рустам Набиев ба ятимхонаи Хуҷанд маҳсулоти хӯрокворӣ хайр карда буд.

Раҳмон Набиев соли 1930 ба дунё омада, ду дафъа роҳбари аввали Тоҷикистон шудааст – солҳои 1982 -1985 ба ҳайси котиби якуми кумитаи марказии ҳизби он вақтҳо  ҳокими коммунист (КПСС) ва дар тирамоҳи соли 1991 ба ҳайси дуюмин президент ва нахустин президенти дар овоздиҳии умумихалқӣ интихобшудаи ҷумҳурӣ. Вале раёсати дуюми Набиев дер давом накард ва алакай моҳи сентябри соли 1992, ки Тоҷикистон алакай ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд, Набиевро  бо муҳофизонаш дар фурудгоҳи Душанбе як гуруҳи силоҳбадастон асир гирифтанд ва водор карданд, ки дар ҳамон фурудгоҳ аризаи истеъфояшро бинависад.

Набиев 7 моҳ баъди барканориаш аз мақом, 11 апрели соли 1993 дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Иллати расмии марги ӯ сактаи қалб эълон шуд, вале фарзандони Набиев ба фарзияи расмии марги ӯ ҳамеша шубҳа доштанд.

Аз Раҳмон Набиев 3 фарзанд: 2 писар – Рашид ва Рустам ва як духтар Мунаввара боқӣ монд.

Рашид Набиев ҳанӯз соли 1997 дар як шароити то ҳол мармуз дар синни ҳамагӣ 33 вафот кард.

Ҳамсари Набиев — Майрам Сайдуллоевна Набиева 28 декабри соли 2017 ба таври фоҷиавӣ ҳангоми сӯхтор дар манзили зисташон дар шаҳри Хуҷанд ҷон бохт.

Бо марги Рустам Набиев, аз фарзандони президенти собиқи Тоҷикистон танҳо духтари 62-солааш Мунаввара Набиева боқӣ монд. Мунаввара ҳамсари собиқи овозхони шинохта Далер Назаров ва номзади илмҳои иқтисодӣ буда, солҳои зиёд дар Академияи илмҳо кор кардааст.

Ӯ дар Душанбе дар хонаи падараш ба сар мебарад. Хонаи Набиев дар маркази Душанбе, дар ҳамсоягии хонаҳои президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоира Гулрухсор ва собиқадори ҳизби коммунист Низорамоҳ Зарипова ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button