Рӯзи 26 апрел вакилони Шӯроҳои маҳаллии ноҳияи Усмани вилояти Липетски Русия дигарбора, инак бори чорум, Владимир Мазои 72-соларо раиси ин ноҳия интихоб карданд. Аз 48 вакили маҳаллӣ 47 нафараш ба тарафдорӣ аз Владимир Мазо овоз доданд ва рақиби ягонаи ӯ – раиси ҷамоати Николские Виселки Татяна Христофорова ҳамагӣ як овоз ба даст овард.
Владимир Мазо зодаи ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ва раиси собиқи совхоз-техникуми дар замони Шӯравӣ дар водии Вахш машҳури ба номи В.Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи фармондеҳи саҳроӣ Файзалӣ Саидов) буда, инак 15 сол боз раиси ноҳияи Усман аст. Ин ноҳия бо 50 ҳазор аҳолӣ ва маркази маъмуриаш дар шаҳри Усман дар тақрибан 50-километрии ҷануби шаҳри Липетск ҷойгир шудааст.
Владимир Мазо дар ноҳияи Қӯрғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада ва ба воя расидааст. Ӯ соли 1972 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан дар бахши Академияи илмҳои СССР дар Новосибирск рисолаи номзадиашро ҳимоят кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ шуд.
Владимир Мазо қариб 20 сол дар совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонттепа аввал ба ҳайси муҳандис (инженер) ва сардори устохонаҳо кор карда, то ба мақоми сармуҳандис расид ва соли 1987 раиси ин хоҷагии машҳур интихоб шуд. Ӯ он вақт ҳамчунин вакили парлумони Тоҷикистон ва ҳам узви кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин ҷумҳурӣ интихоб шуда буд.
Мазо ба совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишев то соли 1991 роҳбарӣ кард. Саҳми Владимир Мазоро дар табдили совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишев ба як хоҷагии пешрафтаи он даврон бузург мешуморанд. Ӯ қабл аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Русия кӯчида, ба номи як фармондеҳи бераҳм номгузорӣ шудану сипас талаву тороҷ шудани хоҷагиеро, ки бо заҳмати зиёд ба по хезонда буд, надид.
Мазо баъди кӯчиданаш ба Русия аз моҳи майи соли 1991 то соли 2007 коллеҷи технологию саноатии Усманро роҳбарӣ мекард. Ӯ ҳамин тавр, ба ҳизби ҳокими Единая Россия пайваста, аз номи ин ҳизб соли 2003 вакили Шӯрои ноҳиявӣ ва соли 2006 вакили Шӯрои вилоятӣ интихоб шуд.
Соли 2007 Владимир Мазоро раиси ноҳияи Усман интихоб карданд. Ӯ баъдан солҳои 2012, 2017 ва 2022 дигарбора ба ин мақом интихоб шуд.