ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ДУХТАР АЗ СПИТАМЕН БО ГУМОНИ ДУЗДӢ ДАСТГИР ШУДААСТ

Як духтари 19-солаи сокини ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 24 апрел, соати 06:00 вориди хонаи як зани 57-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шуда, аз онҷо 4 ҳазор сомонӣ ва як гарданбанди тиллоиро дуздидааст. Бар асоси қисми дуюми моддаи 244 ба ин духтар барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх

Марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки ҳази моҳи августи соли 2021 аз як сокини пойтахт 10 ҳазор доллар ва 42 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш  ба ӯ мошини тамғаи “Тойота-Камри” гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани ҷавондухтари 19-сола

Ба ШВКД дар ноҳия Ҷ.Расулов бо ариза зани 57-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2022, тахминан соати 06:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 15-уми августи соли 2021, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе худро соҳибкор муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ ва 42 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри” гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button