ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИР АЗ ДУШАНБЕ БО 150 ҲАБ ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО

Хадамоти матбуоти боҷхона  ё гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав хабар дод, ки кормандони ин боҷхона аз як кӯшиши ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ворид кардани маводи мухаддир пешгирӣ кардаанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо парвози Душанбе – Маскав омада буд, тавассути роҳрави сабз гузаштанӣ буд, вале кормандони гумрук ҳангоми кофтукоб аз ҷомадони ӯ дар ду қуттӣ 6 блистер бо 150 ҳаб (таблетка) пайдо кардаанд. Ташхис нишон додааст, ки ин ҳабҳо дар таркибашон кодеин ва метилфенобарбитал доранд, ки маводи мухаддир маҳсуб шуда, озодона даровандани онҳо ба қаламрави русия мумкин нест.

Дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Бар асоси моддаи 229.1 Кодекси ҷиноятии Русия аз марзи ин кишвар (марзи гумрукии Иттиҳоди АвроОсиё) ғайриқонунӣ гузарондани маводи мухаддир ва дорувор ҳамчун қочоқ арзёбӣ шуда, барои он ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон ҳамроҳ бо ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон қаблан ҳамчун як масири қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” – ҳероин, ҳашиш ва афюн ба бозори сиёҳи Русия ном бароварда буд. Вале вақтҳои охир мавридҳои дар Русия бо маводи мухаддири синтетикӣ ба даст афтодани зодагони Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button