ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МАҲМАДАЛӢ АБДУЛЛОЕВ АЗ НОҲИЯИ БАЛХӢ ДАР ҶАНГИ РУСИЯВУ УКРАИНА КУШТА ШУД

Дар ҷанги байни Русия ва Украина тоҷикони дорои шаҳрвандии Русия ҳам иштирок доранд. Аз аввали ҷанг то имрӯз садҳо нафар куштаву маҷруҳ гардидаанд. Мутаассифона, дар байни ин афрод ҳамватанони мо низ ҳастанд.

Маҳмадалӣ Абдуллоев, сокини деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ дар ҷанги Русия ва Украина иштирок мекард. Мутаассифона, хабари марги ӯ аллакай ба наздиконаш расонида шуд. Ӯ ҳанӯз оиладор набудааст.

Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфт, ки ҷасади ӯро имрӯз ё фардо аз тариқи Фурудгоҳи вилояти Челябинск ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд: “Ҳоло ҳуҷҷатҳояшро дуруст карда истодаанд ва аниқ гуфта наметавонам, ки кай дар Тоҷикистон мешаванд. Наздиконаш гуфтанд, ки агар ҳуҷҷатҳо дуруст шавад, имрӯз ё фардо ба ватан парвоз мекунем”.

Дар як тамоси телефонӣ Рӯзимад Сияҳаков, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки “мо дар ин бора то ҳол хабар надорем. Ҳанӯз касе моро хабардор накардааст. Ҳамин саҳар маҷлис буд. Касе аз чунин ҳодиса сухан накард”.

Дар ҳамин ҳол, Ғуломҷон Вализода, раиси ҷамоати деҳоти Золи Зар (Узуни собиқ)-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки “мо аз ин ҳодиса хабар дорем. Маҳмадалӣ Абдуллоев дар ҷанги Русия ва Украина ба ҳалокат расидааст. Ӯ бештар дар Русия зиндагӣ мекард. Қариб ки дар ҳамонҷо ба воя расидааст. Модараш аз падараш ҷудо шуда буд. Масъалаи интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст”.

Манбаъ: Рressa.tj

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button