ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ЯК ХЕШИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРИРО “ОБЛАВА” КАРДА, БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДААНД

Пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва раиси собиқи Комиссияи оштии миллӣ мегӯянд, мақомот рӯзи 23 апрел Ҳабибулло Саидов, набераи бародари Нуриро, ки дар соли сеюми риштаи дорусозии Донишгоҳи шаҳри Бохтар таҳсил мекард, тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Ҳабибулло Саидовро ба нуқтаи милитсияи воқеъ дар ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози “Туркманистон)-и ноҳияи Вахш, ки аксари хешовандони Нурӣ дар ҳаминҷо ба сар мебаранд, даъват кардаанд. Дар онҷо ба ӯ гуфтаанд, ки аз донишгоҳ хориҷ карда шудааст ва ба ин далел, дигар аз уҳдадории ҳарбӣ озод нест ва бояд ба хидмат равад. Ба наздикони ӯ гуфтаанд, ки гӯё Ҳабибулло худаш ихтиёрӣ ба хидмат рафт.

Вале хешовандони Ҳабибулло Саидов исрор меварзанд, ки ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва дар баробари дигар донишҷӯён, аз масъулияти хидмати ҳарбӣ то хатми донишгоҳ озод карда шуда буд.

Мақомот хабарҳо дар бораи “облава” шудани ин хешованди Нуриро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ҳабибулло Саидов, ки як фарзанд дошт, писари калонии Нусратулло Саидов, фарзанди бародари калонии Саид Абдуллоҳи Нурӣ Ато Саидов аст. Падари ӯ Нусратулло Саидовро, ки хоҷагии деҳқонии “Истиқол 2010” дар ҷамоати Тоҷикобод роҳбарӣ мекард, рӯзи 24 январи соли ҷорӣ бо иттиҳоми аз хешовандонаш дар хориҷ гирифтани маблағ ба ҳабс гирифтанд.

Дар се моҳи охир  дар ноҳияи Вахш бо чунин иттиҳом алакай чанд тан аз хешовандон ва наздикони раҳбари собиқи мухолифини тоҷик дастгир шуданд.

Ба иттилои наздикони Нурӣ, ба дунболи Нусратулло Саидов, ҳамчунин Муҳибулло Нуриддинов, як бародарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бародари хурдиаш Нурулло Саидов, Сайвалӣ Ризоев, шавҳари хоҳари Нурӣ ва ҳамин тавр муҳофизи собиқи раиси Комиссияи оштии миллӣ Исматулло Балхиев бо айни иттиҳоми “аз хориҷа пул гирифтан” дастгир шуданд.

Аксари ин дастгиршудаҳо, ба гуфтаи наздиконашон, дар ноҳияи Вахш бо деҳқонӣ рӯз мебурданд ва ҳеҷ рабте ба фаъолиятҳои сиёсӣ надоштанд. Аммо муҳофизи собиқи Нурӣ Исматулло Балхиевро дар поёни моҳи феврал дар фурудгоҳи Душанбе, вақте дастгир карданд, ки мехост ба Русия парвоз кунад.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиён дар водии Вахёи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба дунё омада, 9 августи соли 2006, дар синни 59 дар Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Нурӣ, ки парвардаи мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ буд, ҳанӯз соли 1973  бо 4 ҳамфикраш ҷамъияти пинҳонкори мазҳабиеро бо номи “Наҳзати ҷавонони мусалмон” ташкил дод, ки баъдан ба ҲНИТ табдил ёфт. Нурӣ нафарест, ки ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин созишномаи сулҳи соли 1997-ро бо президент Эмомалӣ Раҳмон имзо кард ва баъди бозгашти мухолифин ба Ватан  то соли 2001 раиси Комиссияи оштии миллӣ буд.

Баъди манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015, шуморе аз пайвандони Нурӣ, аз ҷумла чанд писару духтараш, тарки Тоҷикистон карданд ва аксараш ҳоло дар Аврупо ба сар мебаранд. Вале қисми дигари хешовандони Нурӣ дар Тоҷикистон монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button