Номаҳо ба президентНуқтаи назар

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ: “КОХИ БОРБАД” БА ЮРТИ МУҒУЛ МОНАНД АСТ, БОЯД БОЗСОЗӢ ШАВАД

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба унвони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ҷиҳати ободонии пойтахт 6 пешниҳод ироа кардааст, ки аз ҷумла дар Душанбе бо риояи суннатҳои меъмории миллӣ сохтани биноҳо,  васеъ кардани кӯчаву хиёбонҳо, аз ҷумла васеъ кардани роҳҳои пиёдагардро дар бар мегирад. Пешниҳодҳои Ҳизби демократ, ки раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 24 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, ҳамчунин ҳифзи биноҳои таърихие, чун биноҳои Театри опера ва балет, театри ба номи Лоҳутӣ, бинои парлумон, чойхонаи Роҳат, меҳмонхонаҳои “Душанбе” ва “Вахш” ва бинои асосии Донишгоҳи Миллиро дар бар гирифта, дар айни замон демократҳо аз Рустами Эмомалӣ хостаанд, то бинои Кохи Борбад мавриди бозсозӣ қарор дода шуда, қисмати берунии он ба меъмории миллиӣ мувофиқ карда шавад. Ба ақидаи демократҳои тоҷик, “Кохи Борбад” ба шакли “юрти муғул” сохта шудааст ва он ҳам дар ҳоле ки Борбад ба муғулу юрташ ягон монандӣ ё робитае надорад.

6 пешниҳоди ҲДТ ба Рустами Эмомалӣ аз инҳо иборатанд:

1. Биноҳои хуштарҳи баландошёна, ки воқеан ба пойтахт шукуҳу зеб бахшидаанд, бештар симои аврупоӣ доранд, дар онҳо тарҳ ё нишонаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии миллии мо чандон эҳсос намешавад. Дарки баланди таърихӣ ва фарҳангии миллати мо, ниёз дорад, ки ҳар бино нишон, рамз, тарҳи миллӣ ё ватанӣ дошта бошад. Бо доштани чунин биноҳои хуштарҳи миллӣ шаҳри Душанбе симои аслии хонаи умеди тоҷикон ва форсизабонони дунёро хоҳад дошт. Ин ташаббус дар идомаи иқдомҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо бунёди анъанаҳои форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла номгузории боғу гулгашт, муҷассамаҳои бузургони таърих, инчунин ҷашну масросимҳои миллӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

2. Дар баробари ободонии густурда ва рушди фарҳанги миллӣ дар пойтахт, шумораи аҳолӣ низ афзоиш пайдо мекунад. Бинобар ин пойтахт ба хиёбону кӯчаҳои васеъ ниёз пайдо кардааст. Вале биноҳое, ки дар наздиктарин масофаи кӯчаву хиёбон сохта мешаванд, ҳам ҳусни шаҳр ва ҳам шароити рафтуомади мардумро душвор мекунанд. Ҳатто имрӯз ин камбуд дар баъзе кӯчаву хиёбонҳо мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, аз сари кӯча дуртар сохтани биноҳо ва дар назди онҳо бунёд кардани ҳавличаҳои обод ба ҳусни шаҳр шукӯҳи тоза мебахшад.

3. Вобаста ба афзоиши аҳолии шаҳрнишин, васеъ кардани роҳҳои пиёдагард хеле муҳим мебошад. Имрӯз баъзе роҳравҳои кӯчаҳо ба ҳадде тангбару борик ҳастанд, ки барои роҳгузарон мушкил эҷод кардаанд. Дар баробари ин дар баъзе маҳалҳо (барои мисол, дар хиёбони Айнӣ, дар қисмати аз маркази хизматрасонии Садбарг то чорроҳи гардиши Фурӯдгоҳ) аз ҳисоби дарахтони сари роҳу тавақуфгоҳҳои автомобили қисмати пиёдагардро танг кардаанд, ки ба зебогии шаҳру, гаштугузори мардум мувофиқ нест. Пешниҳод мекунем, ки аз ин ба баъд роҳҳои пиёдагард дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои пойтахт васеъ карда шаванд. Роҳи пиёдагарди васеъу бофароғати паҳлуи боғи Рӯдакӣ намунаи беҳтарин аст.

4. Дар чанд соли охир дар ҳама гӯшаву канори шаҳри Душанбе маҳалла ва шаҳракҳои нав бунёд мешаванд. Аммо дар ҳамаи онҳо аҳолӣ роҳҳои пиёдаравро худсарона ғасб кардаанду ҳангоми сохтмони хонаҳои бисёрошёна роҳҳо барои пиёдагард насохтаанд. Яъне дар маҳаллаҳо ва ҳавлиҳои биноҳои бисёрошёна танҳо роҳи мошингард сохта шудааст вале роҳи алоҳида барои пиёдагард нест.

5. Ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ нигоҳ доштани биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ, чойхонаи Роҳат, меҳмонхонаи Душанбе, меҳмонхонаи Вахш ва бинои асосии Донишгоҳи Милли ба мақсад мувофиқ аст. Ин биноҳо бо меъмории нисбатан беҳтари худ ва хидмати дурударозашон дар хотираи чанд насли мардуми кишвар чун нишони даврони пешин боқӣ мондаанд.

6. Дар шаҳри Душанбе биное ҳаст, ки дар даврони Шӯравӣ бо шиори «интернационализм», вале мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст. Ин бино Кохи Борбад мебошад, ки бо шакли “юрти муғул” қалъа сохта шудааст!сБорбад ба муғулу юрташ ягон монанди ё робитае надорад ! Роҳбарони пешини Ҳукумати Шурави бо беиродагӣ ва бетарафӣ ба бунёди ин бино иҷозат дода, намунаи нохуше барои наслҳои баъдӣ ба мерос мондаанд, ки ҳузури ин иншоот ғурури нопухтаи насли наврасро мешиканад. Дар ин бино маъракҳои муҳимми давлати мегузарад ки боиси таасуфаст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад. Пешниҳод мекунем, ки Шумо,муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ислоҳи шакли берунаи он мутобиқ ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мусоидат кунед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button