ДИҚҚАТ! КӮДАКИ 9-СОЛА ГУМ ШУДААСТ!
Зулайхо Боймуратова дар Фейсбук хабар дод, ки Қурбонзода Рамазон Шамсулло, соли таваллудаш 2013, аз зи 18 апрели соли 2022 бедарак шудааст.
Рамазон ҳамон рӯз баъди дарс аз мактаб баромада, ба хона наомаадаст. Инак чанд рӯз боз наздиконаш дар бораи куҷо будани ин кӯдак ягон маълумот надоранд.
Модари Рамазон ба мақомот ҳам муроҷиат кард, вале ҷустуҷӯи ҷигарбандаш то ҳол натиҷа надодааст.
Наздикони Рамазон Қурбонзода аз ҳамаи ҳамватанон хоҳишу илтиҷо доранд, ки барои ҷустуҷӯи ӯ кумак расонанд. Аз ҳамаи шумо хоҳиш карда мешавад, ки ин эълонро дар ҳама ҷо паҳн кунед.
Аз онҳое, ки дар бораи куҷо будани Рамазон маълумоте доранд ваё ӯро дар ягон ҷо дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо ин рақам ба модари аз ғами фарзанд дилгори Рамазон занг бизанед:
+992 112 12 80 81