Афғонистон

НИРӮҲОИ ТОЛИБОН ЯК ҶИЯНИ АТОМУҲАММАДИ НУРРО КУШТАНД

Суҳайл Змарай, ҷияни Атомуҳаммади Нур, волии собиқи вилояти Балхи Афғонистон, шаби 21 ба 22 апрели соли 2022 дар манзилаш дар шаҳри Мазори Шариф дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона бо нирӯҳои Толибон кушта шуд.

Нирӯҳои Толибон рӯзи 21 апрел дар пайи як ҳамлаи маргталабона ба масҷиди шиъаҳо дар Мазори Шариф, ки даҳҳо куштаю захмӣ ба ҷо гузошт, кофтукоби хона ба хонаро ба роҳ андохтаанд. Вале вақте ки онҳо ба хонаи Суҳайл Змарай дар кӯчаи Боба Қамбари Махори Шариф меоянд, ҷияни волии собиқи Балх ба онҳо иҷозати ворид шудан надода, бо чанд тан аз ҳамроҳони худ дар муқобили Толибон сангар гирифтааст.

Даргирӣ байни онҳо дар манзили Суҳайл Замарай ҳудуди 4 соат, тақрибан то соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ давом кардааст. Яке аз афроди Атомуҳаммади Нур ба сомонаи СангарТҷ гуфтааст, дар ин ҷанг омири ҳавзаи пулиси Толибон  ва 7 тани дигар низ кушта шуданд.

“Худи Суҳайл Змарай бо ду нафар бо онҳо муқовимат кард ва мардона ҷоми шаҳодатро нӯшид, Касе, ки шаҳодат мепазирад, асорат намепазирад ”, – гуфтааст ин манбаъ.

Суҳайл Змарай ҳудуди 30 сол дошта, писари Ҳоҷӣ Змарай, аз фармондеҳони Атомуҳаммади Нур аст. Модари ӯ духтари амаки Атомуҳаммади Нур мебошад.

Атомуҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато, раҳбари Ҷамъияти исломӣ, як ҳизби умдаи тоҷикони Афғонистон буд. Устод Ато солҳои зиёде волии вилояти Балх ва аз чеҳраҳои пурнуфуз дар шимоли Афғонистон буд. Ӯ моҳи августи соли 2021 талош кард, то бар зидди Толибон ҳамроҳи маршал Дӯстум, яке аз роҳбарони ӯзбекҳои Афғонистон ҷабҳа созмон диҳад, вале мардум пуштибониаш накард ва рӯзи 1 августи соли 2021 дар пайи суқути Мазори Шариф ба дасти Толибон ба Ӯзбекистон ва аз онҷо ба Дубай паноҳ бурд.

 СангарТҷ менависад, дар моҳи апрели Суҳайл Змарай алакай дуюмин нафар аз фармондеҳони марбут ба Атомуҳаммади Нур аст, ки аз сӯи Толибон кушта мешаванд. Рӯзи 10 апрел Фазлуллоҳ қумандон, яке аз саргуруҳҳои Ҷамъияти исломӣ дар вилояти Тахор бо се размандааш кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button