ВидеоИлму фанноварӣ

ШАБИ 22 АПРЕЛ СОКИНОН ДАР ОСМОНИ ТОҶИКИСТОН ЧАРОҒАКҲОИ ФУРӮЗОНРО ДИДАНД (ВИДЕО)

Шаби 22 апрели соли 2022 сокинон дар осмони Тоҷикистон силсилаи чароғакҳои фурӯзони шабеҳи ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмониро мушоҳида карда, ба ҳайрат афтоданд.

Бино ба мушоҳидаи сокинон, як селаи ҷирмҳои фурӯзони монанд ба ситораҳо ҳудуди як дақиқа дар осмон ҳаракат карда, сипас ғайб задаанд. Сокинон мегӯянд, ҳаракати ин чароғакҳоро дар осмон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар Хуҷанд ва Конибодом дар шимоли кишвар ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Фархору Ҷ.Балхӣ мушоҳида кардаанд.

Пайдоиши ин чароғакҳо дар осмон дар байни мардум ҳадсу гумонҳои мухталифро ба вуҷуд овард. Бархе онро мӯъҷиза, бархеи дигар намоиши қудрати илоҳӣ дар моҳи шарифи Рамазон ҳам маънидод кардаанд.

Ризои Баҳромзод, донишманди тоҷик, муҳаққиқи Пажуҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Султон Умаров, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ба ӯ ҳам нафарони зиёду муроҷиат карда, шарҳи ҳодисаи шаби гузашта дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳидашударо пурсидаанд.

“Инҳо моҳвораҳои Старлинки ширкати SpaceX-и Илон Маск мебошанд, ки рӯзи 21 апрели соли 2022, соати 22:51 ба вақти Душанбе ба кайҳон фиристода шуданд(53 моҳвора). Онҳо дар марҳилаи аввал дар баландии тақрибан 200 км қарор гирифта, баъдан то ба 500 км бароварда мешаванд. Онҳо барои инсонҳо зарар ва хавфе надоранд ва барои таъмини интернет истифода мешаванд. То ҳол 2388 чунин моҳвора ба кайҳон фиристода шудааст”,  – навиштааст Ризои Баҳромзод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button