Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ДАР ҲАВЗ ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми  22 апрели соли 2022, соати 18:00 дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як навраси 13-сола ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехтарарӣ ғарқ шудааст.  Ҷасади наврасро аз об берун кашида, ба хешовандонаш супурдаанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хостааст, ки қоидаҳои бехатарии оббозиро ҷиддан риоя куананд. “Бахусус волидон  масъуланд, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо ба махзанҳои об нафиристанд ва ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ҳар амали бепарвоӣ ҳамин гуна оқибатҳои фоҷеавӣ хоҳад дошт”, гуфта мешавад дар ҳушдори Кумита.

Бино ба хабари дигари ин ниҳод, боронҳои пуршиддати шаби гузашта сабабгори сангрезӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар шуданд. Аз ҷумла, 22 апрели соли 2022, тахминан соати 15:11 дар роҳи мошингарди Кӯлоб – Ш.Шоҳин – Дарвоз, дар наздикии деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шоҳин ҳамин гуна резиши санг ба қайд гирифта шуд. Ин хатар алакай бартараф шуда, роҳ боз карда шудааст.\ Ксе бар асари ин ҳодиса осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон дар рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳамоно барои рафтан ба кӯҳҳо барои  ғунучини ҳезуму гиёҳҳо низ  эҳтиёткории зиёд мехоҳад, мегӯяд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ба шаҳрвандон хотиррасон кардаанд, ки ҳангоми рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода метавонанд бо рақамҳои зерин занг занед ва аз Қисми навбатдории КҲФ ёрии фаврӣ хоҳед: 

112,

 93 880 28 19

221-91-19,

223-13-11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button