Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲИСОР БУҚҚАИ ҚАРИБ ДУҲАЗОРДОЛЛАРРАРО ДУЗДИДААНД

Ба ШВКД дар шаӽри Ӽисор бо ариза марди 31-солаи сокини шаӽри мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми апрели соли 2022, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ӽазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ӽамин шаӽр ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

Ба нафари гумонбар ба говдуздӣ бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сокинон мегӯянд, вақтҳои охир ҳодисаҳои дуздии чорво дар деҳоти Тоҷикистон хеле зиёд шудааст.

Гузашта аз ин, ҳодисаи ахири говдуздӣ дар Ҳисор дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон рӯй додааст. Даст задан ба ҳар гуноҳе, аз ҷумла ба дуздӣ, дар ин моҳ барои мусалмонон гуноҳи кабира ва мояи шармандагию шармсорӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button