ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

МОҶАРОИ АТРОФИ “ОБЛАВА”-И ДОНИШҶӮ ВА УЗВИ СОЗМОНИ “АВАНГАРД” (ВИДЕО)

Журналисти тоҷик Далери Эмомалӣ хабар дод, ки Заробиддини Сунатулло, донишҷӯи соли дуюми риштаи забони англисии Донишкадаи забонҳо ва узви созмони “Авангард”, як гуруҳи троллҳои марбут ба УБОП – раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон низ қурбони “облава” шуда ва аз ҷониби кормандони милитсия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди озору шиканҷа қарор гирифтааст.

Ба Заробиддини Суннатулло муяссар шудааст, ки лаҳзаҳои бадрафтории кормандони милитсия ва комиссариатро сабт кунад. Дар сабт дида мешавад, ки нисбат ба ин ҷавони 19-солаи зодаи ноҳияи Балҷувон аз алфози қабеҳтарин кор мебаранд ва гулӯяшро ба андозае буғӣ мекунанд, ки ӯ ба нолиш медарояд, ки “куштед маро!”

Заробиддин мегӯяд, дар як нонвойхона дар бозори “Саховат” ҳам кор мекунад ва субҳи 20 апрел, вақте ки ӯ дар ҷои кораш дарсҳои худро тайёр мекард, кормандони милитсия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ зада, ба онҷо даромаданд ва ӯро маҷбурӣ бо худ бурданд.  Ин ҷавон мегӯяд, ҳарчанд гуфт, ки донишҷӯ аст, ӯро бо зӯрӣ кашола карда, бурданд.

Заробиддин мегӯяд, дар роҳ ба комиссариат ӯро нафақат зери борони дашномҳои қабеҳ қарор доданд, балки ӯро ҳам заданду ҳам гулӯяшро буғӣ карданд.

Ӯ мегӯяд, ҳамаи дашному ҳақоратҳои “облава”-чиёнро сабт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, гуруҳи “Авангард” рӯзи 22 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук изҳор дошт, ки “Заробидини Сунатулло узви гурўҳи ҷавонони «Авангард» набуда, ба гурўҳи мо ягон робита надошт ва надорад”. “Авангард” гуфт, муаллиф Далери Эмомалӣ ба хотири ҷалби  тамошобини бештар иддаои ин ҷавонро дар бораи гӯё узви ин гуруҳ буданаш дар сарлавҳаи видео ҳам истифода бурда, ӯро ҳамчун узви “Авангард” муаррифӣ кардааст.

“Дар ҳар мавсими даъвати ҳарбӣ аз ҳисоби ҷавонони гурўҳи «Авангард» даҳҳо ва ҳатто садҳо нафар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваст шуда, мардонавор хизмат намуда истодаанд. … Аъзои гурўҳи ҷавонони «Авангард» ниёз ба «облава» ё маҷбуран мисли тарсуҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафтанро надорад, чунки ў дар гурўҳи ҷавонони «Авангард» алакай мактаби мардонагию ватандӯстиро дар паҳлуи кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузашта, дар ҳар лаҳза омодаи хифзи марзу буми Ватан мебошад”, – иддао кардааст “Авангард” дар изҳороташ.

Ҳар  мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “сарбозшикор” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Даъвати баҳорӣ рӯзи 1 апрел оғоз ёфт ва алакай баъди чанд соат 5 ноҳияи водии Рашт, шаҳри Хоруғ ва боқӣ ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд. Вазорати мудофиа ахиран хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ алакай 50% иҷро шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button