ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

МАНБАЪ: ДАР ХОРУҒ МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ ҶАРАЁН ДОРАД, НА ТАЙЁРӢ БА АМАЛИЁТ (ВИДЕО)

Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 22 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук видеоеро нашр кард, ки дар он чӣ гуна дар кӯҳҳои атрофи Хоруғ ҳаракат кардани як гуруҳи сарбозон сабт шудааст.

Манбаъ аз Хоруғ хабар медиҳад, ки ҳамин ҳоло соати 11 ба 12-и 22.04.22 бо вақти Душанбе ба талу теппаҳои канори Хоруғ боз мерганҳо боло шудаву чархбол низ чарх мезанад. Ин ҳам наворе аз ин мерганҳо дар болои Хоруғ”, навишт Алим Шерзамонов.

Ин видео сарусадоҳоеро дар мавриди эҳтимоли омодагии мақомот ба амалиёти ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон ба вуҷуд овард.

Аммо як манбаъ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт,  дар Хоруғ омодагӣ ба ягон навъ амалиёти ҳарбӣ ҷараён надорад ва  видеои нашршуда аз машқҳои тактикии қисмҳои ҳарбии вазорати мудофиа дар вилояти Бадахшон мебошад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, низомиёни тоҷик дар ҷараёни ин машқҳо дар Хоруғ ва атрофи он роҳу шеваҳои муқобила бо таҳдидҳои берунаро машқ мекунанд. “Ягон хел омодагӣ ба ягон хел амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ нест”, таъкид кард ҳамсуҳбати “Бомдод.

Вазъ дар Хоруғ моҳи ноябри соли 2021 дар пайи баъди боздошташ кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа бад шуд. Сокинони Бадахшон бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбеков 4 рӯз дар майдони марказии Хоруғ тазоҳурот карданд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо боз ду сокини Бадахшон кушта ва беш аз 17 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ дар задухӯрдҳо бо эътирозгарон хабар доданд.

Аз поёни моҳи январ ба ин тараф сокинони Хоруғ нигарони оғози амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон буда, барои пешгирӣ аз боздошти ӯ ҳатто дар роҳҳои ба сӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), ки Боқир дар ҳамин маҳалла, дар кӯчаи Иҷубов ба сар мебарад, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда буданд. Вале ҳафтаҳои охир аз Хоруғ хабар мерасид, ки вазъ хеле оромтар шудааст ва ташвишу таҳлукаи мардум аз эҳтимоли шурӯи амалиёти ҳарбӣ ҳам камтар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button