ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БА КУШТОРИ ПРОДЮСЕРИ ШИНОХТАИ РУС АЙБДОР МЕШАВАД

Раёсати тафтишоти вилояти Свердловски Русия зодаи Тоҷикистон Олимҷон Атаназарови 44-соларо бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор ва одамрабоӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудааст. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишот  ба нашрияи русии “КоммерсантЪ”  гуфтааст, Атаназаров баъди содир кардани ин ҷиноятҳо Екатеринбургро тарк кардааст ва ҳоло метавонад дар Туркия ё Тоҷикистон пинҳон шуда бошад.

Атаназаров аз ҷумла ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2020 бо мақсади тасарруфи пулҳояш продюсери шинохта Валерий Положентсевро гаравгон гирифта, калиди хонаи ӯро гирифтааст ва худи продюсерро куштааст. Дар сурати боздошт ва истирдодаш дар Русия ба Атаназаров ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Валерий Горелих, сухангӯи пулиси вилояти Свердловск гуфт, “Атаназаров аввал таҳти ҷустуҷӯи федералӣ ва сипас таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуд. Ҳоло барои ҷустуҷӯи ӯ кормандони дафтари Интерпол дар вилояти Свердловск низ дастбакор шудаанд. Бо мақсади муайян кардани макони будубош ва ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани ӯ  маҷмӯи чорабиниҳо рӯи даст гирифта шудаанд”.

Як манбаи огоҳи нашрияи маҳаллии Е1.ru хабар дод, ки Олимҷон Атаназаров бар асоси моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия ба одамрабоӣ ва бар асоси қисми дуюми моддаи 195 ба одамкушӣ айбдор мешавад.

Ин манбаъ мегӯяд: “Моҳи августи соли 2020 года Атаназаров ва шарикаш Юсупов тоҷир ва продюсери машҳури овозхонҳои рок-н-ролл ва шансони минтақаи Урал Валерий Положентсеви 76-соларо дуздида, шиканҷа додаанд ва сипас куштаанд. Онҳо калиди хонаи мақтулро гирифта, ҷасадашро дар километри 16-уми ҳалқароҳи атрофи шаҳри Екатеринбург (ЕКАД) дар пушти тахтаи реклама пинҳон кардаанд. Ҷасадро занбурӯғчинҳо пайдо карданд. Атаназаров бошад тавонист, ки ба Тоҷикистон фирор кунад”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, сабаби куштани Положентсев пул шудааст: Ӯ як шабакаи мағозаҳои таҷҳизоти электрониро мечархонд ва продюсери чанд овозхони шинохта, аз ҷумла хонандаи шансон Александр Новиков буд.

Валерий Положентсев бисёр вақт ба қаҳвахонаи «Эркас» (ҳоло «Мангал»), воқеъ дар кӯчаи Хохряков мерафт ва пулдорию пулчошии ӯ таваҷҷуҳи ду корманди ин қаҳвахона Атаназаров ва Юсуповро ба худ ҷаоб кардааст. Бино ба фарзияи тафтишот, онҳо Положентсевро ба хобгоҳи воқеъ дар ҳамсоягии қаҳвахона, воқеъ дар суроғаи: Хохряков, 102, бурда, дасту пояшро баста, қариб як шабонарӯз шиканҷа додаанд, то ки дар куҷо пинҳон кардани пулҳояшро ошкор кунад.

Дар ниҳоят баъди куштани продюсер онҳо калиди хонаашро гирифта, хонаашро кофтукоб кардаанд, вале пулҳояшро пайдо карда натавонистаанд.

Е1.ru менависад, ҷинояткоронро бо кумаки саги бӯгир ошкор кардаанд.

Назари худи Атаназаров ва Юсупов ба иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button